Сомона дар ҳолати коркард қарор дорад.
Рӯзи ваҳдат муборак!
Кушодашавии муассисаи №
Рафти тренинги «Ҷамьоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи таҷрибаи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ оид ба ворид шудан ба бозори меҳнат, раванди ба кор таъминшавӣ ва қаноатмандии онҳо аз таҳсилот»
Рафти тренинги «Ҷамьоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи таҷрибаи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ оид ба ворид шудан ба бозори меҳнат, раванди ба кор таъминшавӣ ва қаноатмандии онҳо аз таҳсилот»

 

РЕЙТИНГИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ 

 

Рейтинг. Тибқи банди 17 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 30 августи соли 2017 зимни ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати Рӯзи дониш ҳар шаш моҳ рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузаронида мешавад. 

Бо ин маќсад соли тањсили 2018-2019 маводи лозима љињати муайян намудани рейтинг аз муассисањои тањсилоти олии касбї љамъоварї карда шуд. Вобаста ба масъалаи мазкур гурўњи корї оид ба бањодињии рейтинги муассисањои тањсилоти олии касбї аз њисоби кормандони хадамот таъсис дода шуд. Гурўњи корї дар асоси маводи пешнињодшуда маълумотро тањлил ва холгузорї намуд. 

Дар натиља Донишгоњи миллии Тољикистон сазовори љойи якум, Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино сазовори љойи дуюм ва Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров сазовори љойи сеюм гардидаанд, ки нисбат ба рейтинги ќаблї љойњои онњо бетаѓйир боќї мондааст. Вобаста ба масъалаи мазкур, кўшишњои роњбарияти муассисањои зикргардида исбот намуд, ки онњо муддати 6 моњи охир дар самти миќдори рисолањои номзадї ва доктории њимояшуда, миќдори маќолањои илмии дар маљаллањои комиссияи олии аттестатсионї (КОА) нашршуда, миќдори ихтироъ, навоварї ва пешнињоди илмї-назариявї, миќдори монографияњои илмии чопшуда, маърўза дар конфронсу семинарњои илмии байналмилалї, миќдори омўзгорони доимие, ки барои таълим додан ба дигар таълимгоњњои хориљи кишвар даъват шудаанд, миќдори омўзгорони хориљие, ки барои таълим додан ба муассисањои таълимї даъват шудаанд, шумораи муассиса, ташкилоту идорањо, ки ба муассисаи таълимї њамкорї мекунанд, такмили ихтисоси омўзгорони доимї ва таљрибаомўзии донишљўён дар хориљи кишвар, шумораи компютерњое, ки танњо барои истифодаи донишљуён муайян карда шудаанд ва шумораи китобњои дарсї вобаста ба теъдоди донишљўён корњои назаррасеро анљом додаанд. 

Дар рейтинги навбатї 31 муассисаи тањсилоти олии касбї иштирок намуд. Тафовути рейтинги навбатї аз рейтингњои ќаблї дар он буд, ки дар байни муассисањо нисбатан раќобати шадидтар ба вуљуд омада, дар 6 моњи охир дар самтњои мухталиф корро љоннок намудаанд. Тањлили натиљаи рейтинг маълум намуд, ки дар фаъолияти муассисањои тањсилоти олии касбии љумњурї вобаста ба нишондодњо дар 6 моњи охир, хусусан дар самти омўзгорони дорои унвон ва дараљаи илмидори доимї, миќдори доктори илм-профессор, њимоя намудани рисолањои номзадї ва докторї, миќдори ташрифоварандагон дар сомонаи таълимгоњ, мављудияти технопаркњо, шумораи компютерњое, ки танњо барои истифодаи донишљўён муайян карда шудаанд, номгўи зиёди китобњои дарсии электронї, мављудияти системаи дохилидонишгоњии идора ва мониторинги сифати таълим, сатњи сифати тањсилот, шумора ва арзиши грантњо, шумораи љойњои ишѓолнамудаи донишљўён дар озмунњои фаннии љумњуриявї, ба љойи кор таъмин шудани хатмкардагон, миќдори љойи нишаст дар китобхонаи электронї, мављуд будани филиали кафедрањо дар назди дигар муассисањо, ташкилотњо, такмили ихтисоси омўзгорон ва таљрибаомўзии донишљўён дар хориљи кишвар пешравињо дида мешавад. 

Саъю талоши роњбарияти Донишгоњи аграрии Тољикистон ба номи Шириншоњ Шоњтемур ва Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон низ дар љамъбасти рейтинг назаррас мебошад. Масалан, Донишгоњи аграрии Тољикистон ба номи Шириншоњ Шоњтемур дар рейтинги гузашта љойи нуњум ва дар ин рейтинг љойи шашум ва Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон аз љойи ёздањум ба дањгона ворид шуд. 

Дар баъзе муассисањои таълимї дар самти њимояи рисолањои номзадиву докторї миќдори ихтироъ, навоварї ва пешнињоди илмї-назариявї, миќдори монографияњои илмии чопшуда, миќдори барномањои таълимие, ки аз аккредитатсияи байналмилалї гузаштаанд, миќдори њайати омўзгорони доимие, ки дар 6 моњи охир дараљаи илмии донишкада ва ё донишгоњњои хориљи кишварро гирифтаанд, шумораи љойњои ишѓолнамудаи донишљўён дар озмунњои фаннии љумњуриявї, такмили ихтисоси омўзгорони доимї ва таљрибаомўзии донишљўён дар хориљи кишвар, маърўза дар конфронсу семинарњои илмии байналмилалї корњои назаррасро ба анљом нарасонидаанд. 

Инчунин, дар 6 моњ баъзе аз муассисањои тањсилоти олии касбии љумњурї аз рўи нишондоди дорандаи аккредитатсияи байналмилалї аз рўи ихтисосњои алоњида, шумораи љойњои ишѓолнамудаи донишљўён дар озмунњои фаннии љумњуриявї, миќдори рисолањои номзадї ва доктории њимояшуда, миќдори ихтироъ, навоварї ва пешнињоди илмї-назариявї, мављудияти институтњои илмї-тадќиќотї, шумора ва арзиши грантњо, миќдори омўзгорони доимие, ки барои таълим додан ба дигар таълимгоњњои хориљи кишвар даъват шудаанд, миќдори омўзгорони хориљие, ки барои таълим додан ба муассисаи таълимї даъват шудаанд, таљрибаомўзии донишљўён ва омўзгорон дар хориљи кишвар умуман соњиби хол нагардиданд. 

Аз рўи нишондоди аккредитатсияи байналмилалї дар байни муассисаи тањсилоти олии касбї Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон, Донишгоњи технологии Тољикистон ва Донишгоњи славянии Россия ва Тољикистон дар доираи барномањои алоњида аз аккредитатсияи байналмималї гузаштаанд. 

Љоннок намудани фаъолияти технопаркњо, хусусан дар Донишгоњи миллии Тољикистон, Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М.Осимї, Донишгоњи аграрии Тољикистон ба номи Шириншоњ Шоњтемур, Донишгоњи технологии Тољикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М.Осимї дар шањри Хуљанд, Донишкадаи иќтисод ва савдои Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон дар шањри Хуљанд ва Донишкадаи технология ва менељменти инноватсионї дар шањри Кўлоб дар муќоиса ба дигар муассисањои таълимї ба чашм мерасад. Муассисањои таълимии номбурда барои татбиќи илм ва љорї кардани технологияи нав дар истењсолот кўшишњои зиёд ба харљ додаанд. 

Дар 6 моњи охир њимояи рисолањои номзадї (аз миќдори умумии омўзгорони доимї) дар Донишгоњи миллии Тољикистон, Донишгоњи тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино, Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров, Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М.Осимї, Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї, Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон, Донишгоњи аграрии Тољикистон ба номи Шириншоњ Шоњтемур, Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї, Донишкадаи давлатии забонњои Тољикистон ба номи Сотим Улуѓзода, Донишкадаи энергетикии Тољикистон ва Донишгоњи давлатии молия ва иќтисоди Тољикистон нисбат ба дигар муассисањои таълимї бењтар ба роњ монда шудааст. Ин муассисањо дар тайёркунї ва азнавтайёркунии кадрњои илмї-педагогї тайи 6 моњи охир кўшиш ба харљ додаанд. 

Ќайд намудан ба маврид аст, ки аз рўи 34 нишондоди рейтинг холи аз њама баланд мебоист 310 хол (100%) -ро ташкил дињад. Аммо натиљаи бањогузории рейтинг муайян намуд, ки азхудкунии холњо аз 65 хол (20,9%) то 224 (72,2%)- ро ташкил намудааст. 

Аз 31 муассисаи тањсилоти олии касбии дар рейтинг ширкат варзида, танњо 12-тои он зиёда аз 50% нишондињандањои рейтингиро ноил гаштанд, ки нисбат ба даври якуми гузаронидани рейтинги муассисањои тањсилоти олии касбї 1 муассиса зиёд мебошад. Холи баланди онњо 162 аз 52,2% то 224 ё ин, ки 72,2%-ро ташкил намудааст. Ин њам бошад, танњо Донишгоњи миллии Тољикистон 72,2%-и холро ба даст овардааст. 

Холгузории рейтингї муайян намуд, ки 19 муассисаи тањсилоти олии касбии дигар аз 65 хол (20,9%) то 162 хол (52,2%) нишондодњои рейтингиро аз худ намудаанд. 

Ќайд бояд намуд, ки дар муќоиса ба рейтинги гузашта, дар умум, ба даст овардани холњо ба њисоби минималї фарќ менамояд. Масалан, дар рейтинги гузашта аз њама холи паст (холи минималї) 61 хол (19,7%)-ро ташкил менамуд, дар ин рейтинг бошад, холи паст 65 хол (20,9%)-ро ташкил додааст. Инчунин, дар ин рейтинг холи максимали ба 224 хол (72,2%) расидааст, ки нисбат ба рейтинги гузашта 4 хол зиёд мебошад. Холи пасти ин рейтинг дар муќоиса ба рейтинги гузашта 4 хол (1,2%)-ро ташкил намуд. 

Гузаронидани рейтинги муассисањои тањсилоти олии касбии љумњурї тайи солњои охир собит менамояд, ки барои баланд гардидани нишондодњои рейтингї миёни муассисањои тањсилоти олии касбии љумњурї раќобат ба назар мерасад. Ин боис мегардад, ки дар маљмуъ рейтинг барои баланд бардоштани сатњи сифати таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси талаботи бозори мењнат таъсири худро расонад. 

Натиљаи нињоии рейтинги муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон чунин мебошад: 

 

Ҷойи ишғолнамуда

 

 

Номи мкассиса 


Ҷамъи холҳо

 

Холи умумї  бо % аз  310 хол умумї бо % 

1

Донишгоњи миллии Тољикистон

224

72,2

2

Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино

215

69,3

3

Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Б.Ѓафуров

198

63,8

4

Донишгоњи давлатии молия ва иќтисоди Тољикистон

193

62,2

5

Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон

   190

61,2

6

Донишгоњи аграрии Тољикистон ба номи Шириншоњ Шоњтемур

187

60,3

7

Донишгоњи славянии Россия-Тољикистон

182

58,7

8

Донишоњи техникии Тољикистон ба номи академик М.С.Осимї

178

57,4

9

Донишкадаи политехникии Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М.С.Осимї дар шањри Хуљанд

176

56,7

10

Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон

167

53,8

11

Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С. Айнї

164

52,9

12

Донишгоњи технологии Тољикистон

162

52,2

13

Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

149

48

14

Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоњи   Рўдакї

146

47

15

Донишкадаи соњибкорї ва хизмат

141

45,4

16

Донишкадаи давлатии забонњои Тољикистон ба номи Сотим Улуѓзода

137

44,1

17

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон

135

43,5

18

Донишкадаи иќтисод ва савдои Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон дар шањри Хуљанд

128

41,2

19

Донишгоњи давлатии Данѓара

125

40,3

20

Донишкадаи технология ва менељменти инноватсионї дар шањри Кўлоб

122

39,3

21

Донишкадаи кўњї-металлургии Тољикистон дар шањри Бўстон

118

38

22

Донишгоњи давлатии Хоруѓ ба номи Моёншо Назаршоев

108

34,8

23

Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тољикистон ба номи М. Турсунзода

105

33,8

24

Донишкадаи омўзгории Тољикистон дар шањри Панљакент

101

32,5

25

Донишкадаи давалатии санъати тасвирї ва дизайни Тољикистон

89

28,7

26

Донишкадаи энергетикии Тољикистон

86

27,7

27

Донишкадаи тарбияи љисмонии Тољикистон ба номи С.Рањимов

79

25,4

28

Филиали Донишгоњи технологии Тољикистон дар шањри Исфара

74

23,8

29

Донишгоњи давлатии тиббии Хатлон

70

22,5

30

Донишкадаи исломии Тољикистон ба номи Имоми Аъзам Абўњанифа Нўъмон ибни Собит

67

21,6

31

Донишкадаи омўзгории Тољикистон дар ноњияи Рашт

65

20,9