+++ СОМОНА ДАР ҲОЛАТИ КОРКАРД ҚАРОР ДОРАД! +++
Рӯзи ваҳдат муборак!
Кушодашавии муассисаи №
Рафти тренинги «Ҷамьоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи таҷрибаи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ оид ба ворид шудан ба бозори меҳнат, раванди ба кор таъминшавӣ ва қаноатмандии онҳо аз таҳсилот»
Рафти тренинги «Ҷамьоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи таҷрибаи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ оид ба ворид шудан ба бозори меҳнат, раванди ба кор таъминшавӣ ва қаноатмандии онҳо аз таҳсилот»

Мувофиқати факултет ба «Низомномаи факултети муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон рақами 8/9 аз 13 апрели соли 2006 т

Талабот

Баҳогузорӣ

1

Оё факултет ҷузъи таркибии сохтори таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва маъмурии муассиса буда, тибқи қарори Шўрои олимони муассиса бо ризоияти муассис дар сурати мавҷуд будани пояи моддию техникӣ ва илмию фарҳангӣ мувофиқ ба меъёрҳо таъсис дода шудааст?

 
2

Оё факултет тибқи «Низомномаи факултети муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият менамояд?

 
3

Иҷрои вазифаҳои зерин аз тарафи факултет дар кадом сатҳ аст:

-тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, аспирант ва докторантҳо;
 
-ба роҳ мондани низоми таълим, тарбия, такмили ихтисоси устодон ва кормандони техникию ёрирасон;  

-пешбурди фаъолияти таълимӣ,

 

тарбиявӣ, илмию методӣ ва илмию тадқиқотӣ.

 

-тайёр кардани мутахассисон дар истеҳсолот ва ҷудо аз истеҳсолот;

 
4

Кори шўъбаҳои факултет чӣ гуна аст?

 
5

Кори озмоишгоҳҳо ва кафедраҳо (тахассусӣ, умумитаълимӣ ва умумиҷамъиятӣ)-и факултет дар кадом сатҳ қарор доранд?

 
6

Иҷрои талаботи «Факултет дар сурате таъсис дода мешавад, ки агар дар шакли таълими рўзона на камтар аз 200 донишҷў, дар шакли таълими шабона на камтар аз 400 донишҷў ва дар шакли таълими ѓоибона на камтар аз 500 донишҷў дошта бошад» чи гуна аст? (Эзоҳ: Ҳангоми дар факултет таҳсил намудани донишҷўёни таълими рўзона, шабона ва ѓоибона чунин таносуб ба инобат гирифта мешавад - миқдори донишҷўёни таълими рўзона барои ташкил намудани факултет 1:1, шабона 0,5:1 ва ѓоибона 0,4:1).

 
7

Декани факултетро ректори Донишкада дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи устодони унвони илмидошта ба муддати 4 сол ба вазифа таъин намудааст?

 
8

Ба вазифаи декани факултет номзади илм, дотсент ба муддати на зиёда аз як мўҳлат, доктори илм, профессор ба муддати на зиёда аз ду мўҳлат пайи ҳам таъин шудааст?

 
9

Маҳдудияти синну солӣ ҳангоми таъини декани факултет тибқи муқаррароти кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя шудааст

 
10

Фаъолияти ҳамасолаи декани факултет бо роҳи анкетагузаронӣ дар байни донишҷўён ва кормандони он аз тарафи раёсати Донишкада муайян карда шудааст?

 
11

Вазифа ва ўҳдадориҳои декани факултет мувофиқи Оинномаи муассиса, «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Низомномаи факултети муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шудаанд?

 
12

Дар факултет барои амалӣ сохтани фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва маъмурӣ Шўрои олимони факултет таъсис дода шудааст?

 
13

Фаъолияти Шўрои олимони факултет тибқи Низомномаи Шўрои олимони факултети муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст?

 
14

Баҳогузорӣ ба фаъолияти муовинони декан: 
-муовини декани факултет оид ба корҳои таълим;

 

-муовини декани факултет оид ба корҳои тарбия;

 

-муовини декани факултет оид ба корҳои илмӣ;

 

-муовини декани факултет оид ба таълими ѓоибона.

 
15

Оё муовини декани факултет оид ба корҳои илмӣ ба тариқи ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар сарбории солонааш 100 соат пешбинӣ карда шудааст?

 
16

Оё вазифаи муовини декани факултет оид ба таълими ѓоибона дар сурати миқдори донишҷўёни таҳсили ѓоибона на камтар аз 500 нафар будан таъсис дода шудааст?

 
17

Барои ба роҳ мондани корҳои методӣ дар факултет Шўрои илмӣ-методӣ таъсис дода шудааст? Баҳогузорӣ ба фаъолияти он.

 

 

Баҳогузорӣ ба ҳуҷҷатгузорӣ дар факултет (бо фоиз)

Талабот

Баҳогузорӣ

1

Қарорҳо, фармонҳо, дастурҳою санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.

 
2

Фармонҳои ректор.

 
3

Қарорҳои ректорат.

 
4

Қарорҳои Шўрои олимон.

 
5

Фармоишҳои декани факултет.

 
6

Дастурҳои вазифавии кормандон.

 
7

Нақшаҳо ва ҳисоботи солонаи факултет.

 
8

Нақшаҳои солонаи тақсимот ва ҳисоботи сарбории омўзгорон.

 
9

Нақшаҳои таълимӣ.

 
10

Ҳуҷҷатҳои кории Шўрои олимони факултет ва ҳисоботи он.

 
11

Ҳуҷҷатҳои кории Шўрои илмию методии факултет.

 
12

Ҳуҷҷатҳои магистратура.

 
13

Ҳисобот ва суратҷаласаҳои комиссияи имтиҳоноти давлатӣ.

 
14

Суратҷаласаҳои деканат.

 
15

Ҳуҷҷатҳои нишондиҳанда оид ба ҷадвали воҳиди корӣ.

 
16

Корҳои илмӣ-тадқиқотии устодон ва донишҷўён.

 
17

Ҳуҷҷатҳои такмили ихтисоси омўзгорон.

 
18

Корҳои кураторӣ.

 
19

Мукотиба бо ташкилот ва шаҳрвандон.

 
20

Таҷрибаомўзии истеҳсолӣ, таълимӣ ва ҳисоботи онҳо.

 
21

Корҳои мустақилонаи донишҷўён.

 
22

Ариза, маълумот, пешниҳод ва телефонограммаҳо.

 
23

Рўйхати донишҷўён.

 
24

Ҳуҷҷатҳои таъин намудани идрор ба донишҷўён.

 
25

Ҷадвали дарсҳои таълимӣ, санҷишҳо ва имтиҳонҳо.

 
26

Сессияҳои имтиҳонотӣ ва пешрафти донишҷўён.

 
27

Фармонҳои ректор оид ба аз курс ба курс гузаронидани донишҷўён.

 
28

Фармонҳои ректор оид ба хориҷ намудани донишҷўён.

 
29

Фармонҳои ректор оид ба қабул, гузаронидан ва барқароркунии донишҷўён.

 
30

Рўйхати донишҷўён аз рўи гурўҳҳои таълимӣ.

 
31

Нақшаҳои тақвимию мавзўии фанҳо.

 
32

Барномаҳои таълимӣ ва тақвимии корӣ аз фанҳо.

 
33

Нақшаи инфиродии омўзгорон.

 
34

Давомоти донишҷўён ба дарсҳо.

 
35

Дафтари қайди дарсҳо.

 
36

Маълумотномаи академии донишҷўён.

 
37

Суратҷаласаҳои комиссияҳои экспертӣ.

 
38

Рўйхати амволи кафедраҳо.

 
39

Рўйхати амволи шўъбаҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ ва таълимӣ.

 
40

Ҳуҷҷатҳои кории шўъбаҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ ва таълимӣ.

 
41

Номгўи корҳои курсӣ ва дипломӣ.

 
42

Ҳуҷҷатҳои бойгонишуда.

 
43

Санадҳо.

 
44

Китоби содирот ва воридот.

 
45

Феҳрастҳо.

 

 

Баҳогузорӣ ба фаъолияти декани факултет

Номгўи фаъолият барои баҳодиҳӣ

Баҳо (хол) аз 0 то 100 ба ҳар як намуди фаъолият

1

Мутобиқи Конститутсия ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ташкил намудани ҷараёни таълиму тарбия

 
2

Назорати иҷрои барномаҳо ва нақшаи таълимӣ

 
3

Назорат аз болои иҷрои раванди таълим

 
4

Назорати давомот ва азхудкунии дониш­ҷўён

 
5

Ташкили сессияҳои санҷишию имтиҳонӣ

 
6

Дуруст ба роҳ мондани имтиҳони давла­тӣ ва рисолаҳои дипломӣ

 
7

Ташкили ҷараёни таҷрибаомўзии истеҳ­солӣ ва омўзгорӣ

 
8

Ташкил ва назорат аз болои татбиқи шаклҳои нави таълим

 
9

Назорати фаъолияти кураторони гурўҳ­ҳо

 
10

Интихоб ва тақсимоти ҳайати профес­сорону устодон дар байни кафедраҳо

 
11

Тасдиқи нақшаҳои инфиродии устодон

 
12

Назорати иҷрои сарбории устодон

 
13

Ташкили босифати шаклҳои гуногуни таълим (лексияҳо, семинарҳо, корҳои амалӣ ва ѓайра)

 
14

Банақшагирии дурнамои корҳои илмӣ

 
15

Назорати нашри адабиёти таълимӣ ва илмӣ методӣ

 
16

Интихоби аспирантон, коромўзон ва довталабон

 
17

Гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, озмунҳо ва ѓайра

 
18

Ташкили кор оид ба қабули довталабон

 
19

Ташкили робита бо хатмкунандагони солҳои пешин

 
20

Назорати кори кормандони техникӣ

 
21

Назорат ва иҷрои қарорҳои Шўрои олимон, Шўрои илмӣ-методӣ

 
22

Андешидани чораҳои зарурӣ оид ба таълиму тарбия ва шароити зисти донишҷўёне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд

 
23

Таҳияи босифати ҳуҷҷатҳои корӣ

 
24

Чораҳои мушаххас андешидан бо мақ­сади баланд бардоштани сифати таъ­ли­му тарбия

 
25

Ташкили бевоситаи корҳои таълимӣ, тар­­бия­вӣ, илмӣ-методӣ, тайёркунӣ ва так­мили ихтисоси кадрҳои илмӣ-педа­гогӣ

 
26 Назорат ва татбиқи амалии Низомномаи факултети муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва дигар Низомномае, ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, назорат ва иҷрои феҳристи ҳуҷҷатгузо­рии Низом­но­маи факултет ва кафед­раи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  
27 Ҷамъи холҳо:  
     

Банди 12. Фаъолияти молиявию хоҷагии мактаби олӣ

12.1.Сарчашмаҳо, намуд ва ҳаҷми маблаѓгузории мактаби олӣ.

12.2.Мавҷудияти маблаѓҳои молиявӣ, воридот дар соли ҷорӣ.

12.3.Ворид гаштани маблаѓ аз буҷа, аз шаҳрвандони хориҷӣ, таҳсили қарордодӣ, иҷора, воситаҳои дигари хизматрасонӣ, аъзоҳаққӣ, хайрия, кафолатҳо ва даромадҳои дигар.

12.4.Мавҷудияти суратҳисоби арзӣ.

12.5.Истифодашавии маблаѓҳо барои маош, сари вақт додани идрор, таъмири бино, харидорӣ намудани таҷҳизоти таълимию илмӣ.

12.6.Тавозуни (баланси) умумии арзиши маводи қимматноки мактаби олӣ, ҳисоботи тавозунӣ (балансӣ) дар мактаби олӣ

12.7.Барўйхатгирии маводи мавҷуда дар мактаби олӣ. Даврӣ будани он. Вазъи ҳуҷҷатҳои молиявӣ.

12.8.Мавҷудияти хоҷагиҳои ёрирасон, даромад аз онҳо. Истифодаи даромад.

12.9.Мавҷудияти қарори махсус, Шўрои сарпарастони муассисаи таълимӣ оид ба муайян кардани маблаѓи таҳсил дар муассисаи таълимии олии ѓайридавлатӣ.

12.10.Мавҷудияти қарори махсус оид ба муайян кардани маблаѓи таҳсил дар муассисаи таълимии олии давлатӣ барои гурўҳҳои шартномавӣ. Асоснокӣ ва мувофиқаткунони он бо ташкилотҳои дахлдор.

12.11.Фаъолияти қисми хоҷагӣ дар 5 соли охир, вазъи биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо, ошхона, профилактория ва ѓайра. Таъминоти қисми хоҷагӣ бо маводи зарурӣ барои пешбурди корҳои хоҷагӣ.

12.12.Ҳисоботи роҳбарият ва ҳисоботи шахсони масъул оид ба фаъолияти молиявию хоҷагӣ. Баррасии масъалаи мазкур дар Шўрои олимон дар 5 соли охир.

Банди 10.Тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмию педагогӣ

10.1.Нақшаи кории ҷорӣ ва дурнамои аспирантураю докторантураи мактаби олӣ.

10.2.Шумораи умумии аспирантҳо, докторантҳо ва магистрантҳо (аз он ҷумла занону духтарон) аз рўи шакли таълим, курсҳо. Шумораи аспирантоне, ки аз ҳисоби шартнома таҳсил менамоянд.

10.3.Ҳолати ҳуҷҷатгузории аспирантҳо, докторантҳо, ходимони калони илмӣ, коромўзҳо (стажёрҳо) дар 5 соли охир. Дурнамои тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ дар муассисаи таълимӣ.

10.4.Мавҷудияти маводҳо мувофиқи барнома ва билетҳои имтиҳоноти дохилшавӣ ба аспирантура ва супоридани минимумҳои номзадӣ аз рўи ихтисосҳо.

10.5.Нақшаи қабули аспирантон (докторантон) аз рўи самт ва ихтисосҳо. Мавҷудияти озмун дар аспирантура. Кори комиссияи қабул дар аспирантура. Тавсия ба докторантура ва Ходими калони илмӣ (ХКИ) дар асоси меъёрҳои муқарраршуда.

10.6.Шумораи аспирантон-гирандагони идрорҳои президентӣ, номӣ, ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ (аз рўи ихтисосҳо). Мавҷудияти қарори Шўрои олимони мактаби олӣ нисбати онҳо.

10.7.Теъдоди аспирантҳо ва докторантҳое, ки рисолаи илмиро дар мўҳлати муайяншуда дифоъ намудаанд (аз инҳо чанд нафар занон мебошанд).

10.8.Иштироки олимони мактаби олӣ ба сифати роҳбарони аспирантон.

10.9.Алоқаи мавзўи рисолаҳои номзадии аспирантону докторантон бо самтҳои асосии илмӣ, ки дар мактаби олӣ иҷро мегарданд.

10.10.Дастовардҳои илмии аспирантон ва докторантону ХКИ, коромўзҳо (стажёрҳо) вобаста ба мавзўи рисолаи илмӣ (дар муддати таҳсил).

10.11.Аттестатсияи аспирантон, докторантон, ХКИ дар Шўрои олимони мактаби олӣ, факултет ва натиҷаи он.

10.12.Миқдори унвонҷўйҳо ва иҷрои нақшаи кории онҳо.

10.13.Мавҷудият ва фаъолияти Шўроҳҳои махсусгардонидашуда оид ба ҳимояи рисолаҳои илмии номзадӣ ва докторӣ. Фаъолияти Шўроҳо дар панҷ соли охир, узвияти устодону омўзгорон дар Шўроҳои дигар муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ. Хулоса ва пешниҳодҳо.

Банди 11. Ҳамкории хориҷии мактаби олӣ

11.1.Шартномаи мактаби олӣ дар хусуси ҳамкории илмӣ-техникӣ бо мактабҳои олии хориҷи дуру наздик, бо институтҳои илми-тадқиқотии Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияҳои дигари ҶТ ва иҷрои нишондодҳои шартнома.

11.2.Тайёр намудани мутахассисон барои мамолики хориҷи дур (донишҷўён, коромўзон, аспирантон, докторантон). Ҳамкории муассисаи таълими бо хазинаҳои байналхалқӣ оид ба такмили ихтисоси омўзгорон, таҳия ва чопи китобҳо, маводҳои таълимӣ, дастрас намудани адабиётҳои таълимӣ ва техникаи ҳозиразамон.

11.3.Фаъолияти мактаби олӣ дар коркарди барномаи дурнамои инкишоф (барои ҷалби инвесторҳои хориҷӣ). Дарёфти грантҳо дар 5 соли охир (инвестор, маблаѓ, масраф).

11.4.Фиристонидани донишҷўён, омўзгорон ва дигар кормандон ба хориҷи кишвар бо мақсади таҷрибаомўзӣ, сафарҳои илмӣ, коромўзӣ ва такмили ихтисос (дар панҷ соли охир аз рўи ихтисос). Мақсаднокии сафарҳои хизматӣ.

11.5.Даъват намудани олимон аз мактабҳои олӣ ва дигар муассисаҳои илмии хориҷи дуру наздик бо мақсади таҷрибаивазкунӣ ва хондани лексия (дар 5 соли охир).

11.6.Дар аспирантура ва докторантураи мамлакатҳои хориҷи кишвар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос (дар 5 соли охир). Хулоса ва пешниҳодҳо.

Банди 9. Банақшагирӣ, ташкил ва самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ.

9.1.Нақшаи дурнамо ва ҷории корҳои илмӣ-тадқиқотӣ (КИТ). Мувофиқати пояи моддӣ-техникии мактаби олӣ ба иҷроиши КИТ. Ҳуҷҷатнигорӣ дар шўъбаи илм.

9.2.Сохтори қисми илмӣ-тадқиқотии (сектори илмӣ-тадқиқотӣ) мактаби олӣ. Фаъолияти КИТ (СИТ) оид ба идора ва ҳамоҳангсозии корҳои олмӣ-тадқиқотӣ дар 5 соли охир.

9.3.Баррасии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар Шўрои олимони мактаби олӣ ва сохторҳои он.

9.4.Самтҳои тадқиқоти илмӣ. Воқеият ва дурнамои онҳо. Алоқаи онҳо бо масъалаҳои тараққиёти хоҷагии ҷумҳурӣ.

9.5.Номгўи мавзўҳои илмии аз тарафи буҷа ва ё аз ҳисоби хоҷагӣ маблаѓгузоришаванда. Алоқаи КИТ бо раванди таълим.

9.6.Тадқиқотҳои бунёдии (фундаменталии) дар мактаби олӣ гузаронидашаванда. Кашфиёт, дастовардҳо (бо номгуй руйхаташон) ва ихтироотҳои олимони мактаби олӣ дар 5 соли охир.

9.7.Иштироки мактаби олӣ дар барномаҳои комплексии мақсадноки илмии ҷумҳуриявӣ.

9.8.Таъминоти кадрии КИТ. Роҳбар ва иҷрокунандагони масъул (аз рўи дараҷа ва унвонҳои илмӣ, собиқаи илмӣ).

9.9.Мавҷудияти семинарҳои илмии доимамалкунанда, нақшаи кори онҳо, конференсияҳои илмӣ ва симпозиумҳое, ки дар 5 соли охир дар мактаби олӣ гузаронида шудаанд. Мақсаднокии гузаронидан ва натиҷаҳои ниҳоии онҳо. Иштироки олимони мактаби олӣ дар конференсия, симпозиум ва анҷуманҳои илмии байналхалқию ҷумҳуриявӣ.

9.10.Маблаѓгузории корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ, ҳисоби хоҷагӣ, дохили донишгоҳӣ, сарпарастон, кафолатӣ (грант) ва ѓайра (бо фоиз).

9.11.Шумораи омўзгороне, ки дар гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ саҳм гирифтаанд (фоиз аз шумораи умумии омўзгорон).

9.12.Иштироки донишҷўён дар маҳфилҳо, олимпиадаҳо, конференсияҳои дараҷаи минтақавӣ ва байналхалқӣ. Дастовардҳои илмии донишҷўён.

9.13.Таҳлили ҳисоботи КИТ дар мактаби олӣ дар тўли 5 соли охир.

9.14.Мукофотҳо ва ҳавасмандкуниҳои олимони мактаби олӣ дар тўли 5 соли охир аз ҷониби роҳбарият. Хулоса ва пешниҳодҳо.