ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. ДОБРО ПОЖАЛОВАТЬ НА САЙТ ГОСУДАРСТВЕННОЙ СЛУЖБЫ ПО НАДЗОРУ В СФЕРЕ ОБРАЗОВАНИЯ МИНИСТЕРСТВО ОБРАЗОВАНИЯ И НАУКИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН. WELCOME TO WEBSITE THE STATE AGENCY OF CONTROL IN SPHERE OF EDUCATION THE MINISTRY OF EDUCATION AND SCIENCE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN
Ulti Clocks content
Тақвим

Саҳифаи асосӣ:

Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар соли 2017 тибқи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастур ва амру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва дастурҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа фаъолияти худро ба роҳ монда, дар самтҳои аттестатсия, аккредитатсия, иҷозатномадиҳӣ, кор бо раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, санҷишҳои сифати таҳсилот, баробарарзишӣ ва эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷӣ, иҷрои қарорҳои назоратӣ, фаъолияти тарғиботӣ ва ҷавоб ба мактубҳо як қатор корҳоро ба сомон  расонид.

Аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ

Аз тарафи кормандони хадамот дар давраи ҳисоботӣ аттестатсияи 43 муассисаи таълимӣ (аз ин 18 муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ, 9 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 7 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 9 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ) ба нақша гирифта шуда буд.

Дар ин давра натиҷаи 43 аттестатсияи гузаронидашуда дар шўрои хадамот ва мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, ба 39 муассисаи таълимӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуда, 2 муассиса  (Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии ноҳияи Қубодиён” ва муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби хусусии Файз” дар шаҳри Хуҷанд) шартан аз аттестатсия гузаронида шуда, 2 муассиса (муассисаҳои таълимии ғайридавлатии “Гимназияи забонҳо” ва “Мактаби хусусии ба номи Аҳмади Дониш” дар шаҳри Хуҷанд) аз аттестатсия нагузашта ҳисобида шуда, фаъолияти онҳо аз соли таҳсили 2017-2018 қатъ гардид.

Натиҷаи аттестсияи ин муассисаҳо чунин мебошад:

Натиҷаи аттестатсияи давлатии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултети он дар шаҳри Хуҷанд нишон дод, ки академия муддати 5 соли охир дар ташкилу дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи курсантҳо ва аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст. Дар баробари ин, комиссияи аттестатсионӣ муайян намуд, ки дар фаъолияти таълимгоҳ як қатор камбудӣ ва норасогиҳо, ба мисли таҷдиди назар намудан ба Оинномаи таълимгоҳ вобаста ба тағйироти ба амаломадаи соҳаи маориф ва ғайра  дида мешавад.

Натиҷаи аттестатсияи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб нишон дод, ки донишкада дар ташкилу дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи донишҷўён ва дар ин замина тайёр намудани мутахасисони соҳаи технолгияи инноватсионӣ инчунин,  барои пешрафти иқтисоди миллии ҷумҳурӣ омода намудани кадрҳои рақобатпазир ба муваффақияти назаррас ноил гаштааст.

Бо вуҷуди ин, ба роҳбарияти донишкада зарур аст, ки сохтори донишкадаро ба сохтори намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ намояд, бо мақсади ба талаботи меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (донишкада) мутобиқ гардонидани таълимгоҳ лозим аст, ки  нақшаи дурнамои тайёр кардани кадрҳои дорои унвон ва дараҷаи илмидоштаи доимиро таҳия ва тасдиқ карда, иҷрои саривақтии онро таъмин намояд.

Натиҷаи аттестатсияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур нишон дод, ки донишгоҳ муддати 5 соли охир дар ташкил ва ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи донишҷўён ва дар ин замина тайёр намудани мутахасисони соҳаи хоҷагии қишлоқ инчунин, барои пешрафти иқтисоди миллии ҷумҳурӣ омода намудани кадрҳои рақобатпазир ба муваффақияти назаррас ноил гаштааст. Дар баробари ин, маълум гардид, ки Оинномаи донишгоҳ ҳамаи паҳлўҳои фаъолияти таълимгоҳро дар бар намегирад. Сохтори донишгоҳ, ки  соли 2006 тасдиқ гардидааст, зарурати аз нав дида баромадани он ба миён омадааст. Намуди нақшаи инфиродӣ номукаммал аст ва зарур аст, ки дар асоси «Намунаи нақшаи инфиродии кори омўзгор», ки  бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.08.2016, №12/16  тасдиқ шудааст, таҳия ва тасдиқ карда шавад.

Натиҷаи аттестатсияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нишон дод, ки таълимгоҳ муддати 5 соли охир дар ташкилу дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи донишҷўён ба муваффақияти назаррас ноил гаштаа бошад ҳам, дар фаъолияти донишгоҳ як қатор камбудӣ ва норасогиҳо дида мешавад, ки ҳамаи онҳо дар маълумотномаи комиссияи аттестатсионӣ дарҷ гардидааст ва роҳбарияти донишгоҳро зарур аст, ки камбудиҳоро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷўён, мустаҳкам гардидани пояи моддию техникӣ ва тибқи талаботи замон ба роҳ мондани таълиму тарбия сари вақт ислоҳ намояд.

Аттестатсияи Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент нишон дод, ки дар ҳамаи факултетҳо, ба истиснои факултети ғоибона, миқдори донишҷўён аз 90 то 182 нафарро ташкил медиҳанд, ки ин нишондод ба талаботи Низомномаи факултети муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар бораи таъсис додани факултет ҷавобгўй нест. Аз 2687 нафар донишҷўй 791 нафар (29,4%) дар шуъбаи рўзона ва 1896 нафар (70,6%) дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бояд таносуби донишҷўёни рўзона 70% ва ғоибона 30%- ро ташкил диҳад.

Инчунин бо назардошти ба танзим даровардани раванди таълим ва самаранокии кор комиссияи аттестатсионӣ пешниҳод намуд, ки то 20.06.2017 донишҷўёни курсҳои 1, 2 ва 3, ки аз рўи низоми кредитии таҳсилот таълим гирифта истодаанд вобаста ба самти ихтисос ба факултетҳо гузаронида шаванд. Масалан, донишҷўёни курсҳои 1, 2 ва 3 шуъбаи ғоибонаи ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик ва таҳсилоти ибтидоӣ, ки таълим аз рўи низоми кредитии таҳсилот дар онҳо ба роҳ монда шудааст ба факултети филология гузаронида шаванд. Аз чунин тарзи тақсимот ташкили раванди таълим, самаранокии кор ва талаботи низомномаи факултети муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба таъсиси факултет иҷро мегардад.

Дар донишкада маркази тестӣ ташкил карда нашудааст.

Натиҷаи аттестатсияи давлатии донишкада дар шўрои хадамот ва мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, ба муассисаи мазкур барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Аттестатсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд нишон дод, ки дар донишкада дар баробари пешравиҳо камбудӣ ва норасогиҳо низ ба назар мерасанд.

Дар баъзан ҳолатҳо талаботи Низомномаи низоми таҳсилоти кредитӣ риоя карда намешавад. Дар донишкада воҳиди кории эдвайзер (мушовири академӣ) ҷудо карда нашудааст.

Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои талаботи низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар донишкада маркази тестӣ иборат аз панҷ воҳиди корӣ (як воҳиди кории мудири марказ ва 4 воҳиди кории мутахассиси марказ) ташкил намояд.

Дар якчанд кафедраҳои таълимгоҳ нарасидани омўзгорон мушоҳида карда шуда,  ба ихтисосҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, фаъолияти гумрукӣ кадрҳои унвон ва дараҷаи илмидоштаи тахассусии ба самти ихтисос мувофиқ намерасанд.

Ба муассисаи мазкур барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Аттестатсияи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит нишон дод, ки таълимгоҳ муддати 5 соли охир дар ташкилу дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи донишҷўён корҳои назаррасро иҷро намуда бошад ҳам, дар фаъолияти донишкада як қатор камбудӣ ва норасогиҳо дар самти  сохтори донишкада, ҳуҷҷатгузории шўрои илмӣ-методии донишкада, ҳуҷҷатнигорӣ ва коргузорӣ дар факултетҳо, кафедраҳо ва дигар воҳидҳои сохторӣ  ба назар мерасад.

Раёсати таълимгоҳ давра ба давра онҳоро бартараф намудаистодааст.

Дар асоси қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи мазкур барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Аттестатсияи коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки дар баробари муваффақият камбудиҳо низ ба мисли,  дар коллеҷ шўрои таълимию методӣ ташкил карда нашудааст, ҷадвали басти вазифаҳо ҳамасола сол ба сол бо нишон додани воҳидҳои кории алоҳида ва ҳаҷми маоши солона (бо квартал) таҳия  ва  тасдиқ нагардидаанд ва ғайра.

Натиҷаи аттестатсияи давлатии коллеҷ дар шўрои хадамот ва мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, ба муассисаи мазкур барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Аттестатсияи Муассисаи давлатии таълими «Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода» нишон дод, ки таълимгоҳ муддати 5 (панҷ) соли охир дар ташкилу дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи донишҷўён, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст. Фаъолияти он ба таври умумӣ ба талабот ҷавобгў мебошад. Дар баробари ин, комиссия муайян намуд, ки дар фаъолияти таълимгоҳ як қатор камбудӣ ва норасоиҳо дида мешавад. Дар ҳар як муассисаи таълимӣ тибқи талабот бояд сохтори он таҳия ва дар мувофиқа бо муассис тасдиқ карда шавад.

Оиннома тибқи талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳия гардидааст, аммо муҳтавои он тамоми паҳлўҳои фаъолияти таълимгоҳро дар бар нагирифтааст, чунки  тағйироти солҳои охир  дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба амал омада, дар оиннома дарҷ нагардидаанд.

Дар муассисаи таълимӣ 2 факултет ва 4 кафедра фаъолият менамояд. Қайд кардан зарур аст, ки кафедра мувофиқи талаботи низомнома дар сурати мавҷудияти 5 воҳиди корӣ ва таъмини он бо корманди илмӣ-педагогӣ аз ҷумла як нафар дорои унвони илмидошта ташкил карда шуда,  мудири кафедра дар шўрои омўзгорӣ интихоб мегардад. Ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедраҳо тибқи талаботи феҳристи ҳуҷҷатгузории низомномаи кафедра ба роҳ монда нашудааст, яъне 35 номгўи ҳуҷҷатҳо дар ҷузвдонҳои алоҳида маҳфуз нестанд.

Роҳбарияти таълимгоҳ вазифадор карда шуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар муддати кўтоҳтарин бартараф намояд ва фаъолияти кафедраҳо ва факултетҳоро тибқи талаботи муқарраргардида ба роҳ монад.

Аттестатсияи Муассисаи давлатии таълими «Коллеҷи омўзгории ноҳияи Мастчоҳ» нишон дод, ки таълимгоҳ муддати 5 соли охир  камбудиҳои дар аттестатсияи қаблӣ ҷойдоштаро бартараф намуда, дар дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи донишҷўён, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст.

Дар фаъолияти коллеҷ баробари мувафақиятҳо як қатор камбудиҳо ҷой доранд, ки барои пешрафти фаъолияти таълиму тарбия монеа мебошанд. Ҳамзамон, дар таълимгоҳ синфхонаи лингафонӣ, тибқи талаботи нақшаю барномаҳои таълимӣ ташкил карда нашудааст.

Бо тақозои комиссия аттестатсионӣ  барои донишҷўёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда ҳуҷраи дастурўйшўӣ, ҳоҷатхона, хонаи истироҳатию фароғатӣ ташкил карда шуда, шиносномаи техникии бинои рақами дуюми таълимӣ дастрас карда шуд.

Аттестатсияи Коллеҷи техникӣ-технологии назди Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коллеҷи техникӣ-технологии назди Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал аз аттестатсияи давлатӣ гузаштааст. Натиҷаи аттестатсия собит намуд, ки раванди таълиму тарбия дар коллеҷи  мазкур дар умум тибқи талаботи муқарраргардида ба роҳ монда шудааст ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштааст. Дар баробари муваффақиятҳо комиссияи аттестатсионӣ муайян намуд, ки дар фаъолияти таълимгоҳ як қатор камбудӣ ва норасоиҳо низ мавҷуд аст.

Дар муассиса вобаста ба ихтисосҳои амалкунанда ҳамагӣ барои се ихтисос стандартҳои таълимии тахасусӣ мавҷуд ҳастанду халос.

Сохтори коллеҷ ба талаботи зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мувофиқ нест. Дар он факултетҳо, мудирони кафедра ва кормандони низоми кредитии таҳсилот муайян карда нашудааст.

Ҳангоми таълими забонҳои русӣ ва англисӣ гурўҳҳо тибқи  талабот ба зергурўҳҳо тақсим карда намешаванд.

Коллеҷ дар муддати 3 соли фаъолият ҳамагӣ 6 нафар омўзгорон ва устоҳои таълимии истеҳсолиро ба курси такмили ихтисос равона кардааст, ки 21.7%-ро ташкил медиҳад.

Дар коллеҷ омўзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дошта,  ба кор ҷалб карда нашудаанд.

Аттестатсияи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи санъати ба номи Кароматулло Қурбонови шаҳри Кўлоб» маълум намуд, ки  фаъолияти он ба таври умумӣ ба талабот ҷавобгў мебошад. Дар баробари ин, рафти аттестатсия нишон дод, ки барои дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани раванди таълиму тарбия ҷиҳати омода намудани мутахассисони касбӣ  як қатор камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд.

Дар ҷараёни кори комиссия таълимгоҳ бо бунгоҳи тиббӣ бо маводи доруворӣ барои кўмаки аввалия таъмин карда шудааст.

Муддати се соли охир ҳамагӣ 5 нафар омўзгор аз такмили ихтисос гузаштаанд, ки ин ба 38,5% баробар аст.

Роҳбарияти таълимгоҳ вазифадор карда шуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар муддати кўтоҳтарин бартараф намояд ва фаъолияти кафедраҳо ва факултетҳоро тибқи талаботи муқарраргардида ба роҳ монад.

Аттестатсияи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд» маълум намуд, ки  фаъолияти муассиса ба таври умумӣ ба талаботи  нақша ва барномаҳои таълимӣ ва меъёрҳои муайяннамудаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгў мебошад.

Дар таълимгоҳ дар баробари мувафақиятҳо як қатор камбудиҳо ҷой доранд, ки маъмурияти таълимгоҳ барои бартараф намудани онҳо вазифадор карда шуд.

Дар давраи аттестасия 386 нафар донишҷў ба таҳсил фаро гирифта шуда буд, ки масоҳати таълимӣ ба сари ҳар як донишҷў  3,2 метри мурабаъ рост меояд. Ин нишондод ба меъёрҳои муайянкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мувофиқат намекунад.

Дар таълимгоҳ толор ва майдончаи варзишӣ мавҷуд набуда, инчунин бо ягон муассисаи таълимӣ барои гузаронидани  дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ шартнома баста нашудааст. Дар оянда сохтмони толори варзишӣ ва майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта нашудааст.

Аттестатсияи Муассисаи давлатии таълимии  «Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷ.Балхӣ» маълум намуд, ки  фаъолияти муассиса ба таври умумӣ ба талаботи  нақша ва барномаҳои таълимӣ ва меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгў мебошад.

Дар таълимгоҳ дар баробари муваффақият як қатор камбудиҳо, ба монанди,  ба таъмири асосӣ ниёз доштани хобгоҳи дуюми таълимгоҳ, нарасидани китобҳои дарсии фанҳои таҳсилоти умумӣ  ҷой доранд.

Масъалаи мазкур дар шўрои хадамот мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои баррасӣ ба мушовараи навбатии Вазоарти маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шуд.

Натиҷаи аттестатсияи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омўзгории шаҳри Панҷакнет ба номи Лоиқ Шералӣ» собит намуд,  ки фаъолияти таълимгоҳ барои тайёр намудани омўзгорони зинаи миёнаи касбӣ  дар умум ҷавобгўй мебошад.  Аммо дар таълимгоҳ, боз камбудиҳое мавҷуд мебошанд, ки саривақт баратараф намудани онҳо барои баланд гардидани сатҳи сифати таҳсилот, пурсамар гузаронидани дарсҳо  кўмак мерасонад. Инчунин, баъзе норасоиҳои дар таъмини хобгоҳ бо мизу курсӣ, ба талабот мувофиқат накардани ҳаммоми амалкунандаи он, бад будани ҳолати санитарию гигиении хобгоҳ ба мушоҳида мерасад.

Масъалаи мазкур дар шўрои хадамот мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои баррасӣ ба мушовараи навбатии Вазоарти маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шуд.

Аттестатсияи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии  техникии шаҳри Истаравшан» маълум намуд, ки  фаъолияти он ба таври умумӣ ба талабот ҷавобгў мебошад. Дар баробари ин, рафти аттестатсия нишон дод, ки барои дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани раванди таълиму тарбия ҷиҳати омода намудани мутахассисони касбӣ  як қатор камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар хобгоҳ  барои донишҷўён нуқтаи хурокхурӣ, нуқтаи дастурўйшўӣ ва ҳамом ташкил карда нашудааст. Хонаҳои истиқоматии хонандагон бо мизу курсӣ, таъмин нагардидаанд. Инчунин, дар китобхонаи таълимгоҳ китобҳои фанҳои таҳсилоти умумӣ ва тахассусӣ намерасад.

Дар корҳои тестӣ аз фанҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 1074  нафар 886 нафар иштирок намуд, ки 82,5%-ро ташкил медиҳад. Дар санҷишҳо 9 (1,0%)  нафар бо  баҳои «5»,  119 нафар (13,4%)  бо баҳои «4», 287 нафар (32,4 %)  бо баҳои «3», 471 нафар (53,2%) бо баҳои «2» ҷамъбаст намуданд. Яъне азхудкунӣ ба 46,8% баробар  аст . Аз фанҳои тахасусӣ бошад, дар маҷмўъ дараҷаи азхудкунӣ ба 55,3% баробар аст, ки ин қонеъкунанда  нест.

Роҳбарияти таълимгоҳ вазифадор карда шудааст, ки камбудиҳои  ҷойдоштаро давра ба давра ислоҳ намояд. Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи таълимӣ аз рўи ихтисосҳои амалкунанда ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.

Аттестатсияи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии роҳи оҳани шаҳри Душанбе» нишон дод, ки фаъолияти таълимгоҳи мазкур дар умум ҷавобгўйи талабот аст. Таҳлилҳо нишон дод, ки дар баробари пешравиҳо дар самти корҳои таълимгоҳ камбудиҳо низ мавҷуданд. На ҳама синфхонаҳои таълимӣ мутобиқи талаботи барномаҳои таълимӣ таҷҳизонида  шудааст. Компютерҳои муассиса ба хати Интернет ба истиснои кабинети директор, пайваст карда нашудаанд. Дар муассиса нуқтаи тиббӣ фаъолият мекунад, вале он ба талабот ҷавобгў нест. Қироатхонаи муассиса дар дохили китобхона буда, дорои 18 ҷойи нишаст мебошад, ки ин ба меъёр мувофиқат намекунад. Инчунин аз теъдоди умумии омўзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ  3 нафар нафақахўр ва 7 нафар  ғайриихтисос фаъолият менамоянд. Оид ба ҳалли ин масъала роҳбарияти таълимгоҳ вазифадор карда шуд, ки таълимгоҳ бо омўзгорони ихтисосманд таъмин намояд.

Аттестатсияи литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷаббор Расулов маълум намуд, ки ҷараёни раванди таълим тибқи низомномаҳо ва қарорҳои қабулшудае, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гаридааст ва ҷараёни таълимро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба низом медароранд, амалӣ карда мешавад.

Комиссияи аттестатсионӣ муайян намуд, ки аксарияти камбудиҳои дар аттестатсияи қаблӣ ошкоргардида бартараф карда шудаанд.

Фаъолияти муассисаи таълимии мазкур ба таври умумӣ ба талабот ҷавобгў мебошад.

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Сангвор» дар аттестатсияи қаблӣ аз сабаби пурра ба меъёрҳои амалкунанда ҷавобгў набудани базаи моддию техникии таълимгоҳ аз аттестатсия шартан гузаронида шуда буд. Роҳбарияти таълимгоҳ дар давоми ду сол аксарияти камбудиҳои   дар аттестатсияи қаблӣ ошкоргардидро бартараф намудааст.

Муассисаи давлатии таълимиии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав

Дар рафти аттестатсия маълум гардид, ки дар қатори муваффақиятҳо дар таълимгоҳ як қатор камбудиҳо низ ҷой дорад. Таълимгоҳ аз ҷониби Хадамоти давлатии санитарию эпидемологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати мутобиқат намудани литсей санҷиши санитарию эпидемологи гузаронида нашудааст ва вобаста ба ин масъала ба муассиса хулосаи санитарию эпидемологӣ дода нашудааст.

Сертификати ҳуқуқи истифодаи замини муассиса дода шудааст, ки дар он то ҳол номи муассиса омўзишгоҳи касбӣ омадааст, муассиса бошад соли 2014 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийри ном намудааст. Аз шумораи умумии омўзгорон ва устҳои таълими иистеҳсолӣ 3 нафар ғайритахассус дарс мегўянд.

Мувофиқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ гурўҳҳои теъдодашон аз 15 нафар зиёд ҳангоми гузаронидани дарсҳои лабораторӣ, машғулият оид ба асосҳои донишҳои компютерӣ, омўхтани забони русӣ дар гурўҳҳои таълимашон ба забони давлатӣ, англисӣ (хориҷӣ) дар ҳама намуди гурўҳҳо ва забони давлатӣ дар гурўҳҳои таълимашон ба забони ғайридавлатӣ ба зергурўҳ тақсим карда мешаванд, вале ин талабот дар таълимгоҳ риоя нагардидааст.

Роҳбарияти таълимгоҳ вазифадор карда шудааст, ки камбудиҳои  ҷойдоштаро  то саршавии соли хониши нав бартараф намояд.

Муассисаи давлатии таълимиии «Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент»

Оид ба ихтисосҳои «Системаи компютерӣ ва Интернет-технология», «Ҳисобдор (бо донистани компютер)» кабинетҳои тахассусӣ ташкил карда шудааст, вале онҳо мувофиқи талаботи нақшаю барномаҳои таълимӣ ороиш ва ҷиҳозонида нашудаанд. Аз ҷумла кабинетҳои мазкур, ки омўзиши онҳо бо компютер робитаи бевосита доранд, бо компютер, принтер, сканер ва дигар воситаҳои техникӣ таъмин нест.

Коллективи муҳандисӣ-педагогӣ бори охирин солҳои 2007 ва 2008 аз аттесттатсия гузаронида шудаанд. Аз ин рў, роҳбарияти таълимгоҳ вазифадор карда шуд, ки аттестатсияи кормандони муҳандисӣ-педагогии литсей дар асоси талаботи Низомнома «Дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони раҳбарикунанда ва муҳандисӣ-педагогии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳатмӣ  моҳи марти соли 2017  гузаронида шавад.

Муассисаи давлатии таълимиии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Қубодиён». Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Қубодиён» дар аттестатсияи қаблӣ аз сабаби пурра ба меъёрҳои амалкунанда ҷавобгў набудани базаи моддию техникии таълимгоҳ аз аттестатсия шартан гузаронида шуда буд. Роҳбарияти таълимгоҳ дар давоми ду сол аксарияти камбудиҳои дар аттестатсияи қаблӣ ошкоргардидро  бартараф намуда бошанд ҳам, тоҳол камбудию норасоиҳои зиёд ба назар мерасад, ки пурра ба меъёрҳои амалкунанда ҷавобгў нест. Аз ин лиҳоз, маъмурияти таълимгоҳ вазифадор карда шуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар вақти муайянгардида бартараф намояд. Муассисаи мазкур бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аттестатсия шартан гузашта ҳисобида шуд ва барои пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рўи ихтисосҳои  амалкунанда  ба муҳлати 2 (ду) сол иҷозатнома дода шуд.

Муассисаи давлатии таълимиии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод»

Аттестатсияи давлатии Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии  техникии ноҳияи Файзобод» маълум намуд, ки  фаъолияти он ба таври умумӣ ба талабот ҷавобгў мебошад.

Аксарияти камбудиҳои дар аттестатсияи қаблӣ ошкоргардида  бартараф карда шудаанд.

Дар таълимгоҳ баробари муваффақиятҳо як қатор камбудиҳои ҷиддӣ  ҷой доранд, ки ин барои дар сатҳи зарурӣ тайёр кардани кадрҳои коргарии баландсифатро халалдор месозад. Аз ҷумла, вобаста ба ихтисосҳои амалкунанда стандартҳои давлатии таҳсилот аз рўйи зинаи таҳсилоти ибтидоӣ мавҷуд нест, кабинету синфхонаҳои таълимӣ  пуррра бо асбобҳои аёнӣ ва асбобу аёниятҳои муосири таълим оро дода нашудаанд. Аксарияти аёниятҳо кўҳна ва ба талаботи замон ҷавобгў нестанд. Ҳуҷраҳои ошёнаҳои 2-юм, 3-юм ва 4-уми хобгоҳ пурра таъмирталаб мебошад.

Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ»

Аттестатсияи давлатии Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» нишон дод, ки фаъолияти таълимгоҳи мазкур дар умум ҷавобгўйи талабот аст.

Кабинету синфхонаҳои таълимгоҳ бо таҷҳизату овезаҳо тибқи нақшаҳои таълимӣ қисман ороиш дода шуда, аксаран таъмирталаб мебошанд.

Муассиса дорои 3 синфхонаи компютерӣ ва 38 компютер, 6 ноутбук, 4 нетбук, 1 принтер, 1 проектор ва 1 доскаи электронӣ мебошад.          Компютерҳои муассиса ба хати Интернет пайваст карда нашудаанд.

Дар таълимгоҳ китобҳо аз фанни забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, алгебра, геометрия, химия, физика, ҳуқуқ, таърих ва фанҳои тахассусӣ кафшергари барқӣ, монтёри барқӣ ва ронандаи автомобил  намерасанд. Аз ин лиҳоз, маъмурияти таълимгоҳ вазифадор карда шуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар вақти муайян гардида бартараф намояд.

Аттестатсияи «Литсейи касбии техникии ноҳияи Зафаробод» маълум намуд, ки фаъолияти он ба таври умумӣ ба талабот ҷавобгў мебошад. Дар баробари ин, барои дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани раванди таълиму тарбия ҷиҳати омода намудани мутахассисони касбӣ  як қатор камбудиҳои ҷиддӣ ҷой дорад.

Дар таълимгоҳ барои омўзиши забони русӣ, таърих ва ҳуқуқ, омодагии дифои ҳарбӣ, география, биология синфхонаҳои алоҳидаи таълимӣ намерасад. Инчунин, дар муассиса тибқи талаботи стандарти давлатии таҳсилот дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ машғулияти забонҳои русӣ, англисӣ, технологияи информатсионӣ ба гурўҳҳо тақсимбандӣ карда намешаванд. Хонандагони литсей бо адабиёти таълимӣ бо пуррагӣ таъмин нестанд.

Аз тарафи кормандони муҳандисӣ-омўзгории  муассисаи таълимӣ дар 3 соли охир ягон мақола ва дастури методӣ таҳия ва нашр нагардидааст. Сохтори литсей тибқи талабот таҳия ва тасдиқ карда нашудааст.

Аттестатсияи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Панҷ» нишон дод, ки фаъолияти таълимгоҳи мазкур дар умум ҷавобгўйи талабот аст.

Аксарияти камбудиҳои дар давраи атестатсияи қабли барои иҷро роҳбарияти таълимгоҳ вазифадор карда шуда буд, иҷро гардидаанд.

Аммо, дар баробари мувафақият,  қабудиҳое ҷой доранд, ки барои тайёр намудани мутахассисони коргарии баландихтисос   монеа мешавад.  Ин нарасидани китобҳои фанҳои умумитаълимӣ ва адабиёти фанҳои тахассусии ҳозиразамон ва ба забони тоҷикӣ. Воситаҳои асосии таълим аз давраи собиқ Иттиҳоди Шўрави боқӣ мондаанд, ки кўҳнаю фарсуда шудаанд, аксарияти онҳо аз истеҳсолот бароварда шудаанд.

Аттестатсияи Муассисаи давлатии таълими “Литсейи касбии техникии ноҳияи Лахш” маълум намуд, ки  фаъолияти он то андозае ба талабот ҷавобгў мебошад. Дар баробари ин, рафти аттестатсия нишон дод, ки барои дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани раванди таълиму тарбия ҷиҳати омода намудани мутахассисони касбӣ  як қатор камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Бинои таълимии таълимгоҳ ба таъмири асосӣ ниёз доранд.  Трактор ва автомошинаҳои таълимӣ кўҳнаю фарсуда шудаанд. Дар таълимгоҳ, аз сабаби нарасидани озмоишгоҳҳо, омўзгорон ҷиҳати гузаронидани машғулияти амалӣ танқисӣ мекашанд.Роҳбариятро зарур аст, ки камбудиҳои мавҷударо дар муддати кўтоҳтарин бартараф намуда, барои таъмин намудани кабинету синфхонаҳо бо асбобу аёнияти муосири таълим чораҳои мушаххас андешад.

Муассисаи  давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии ноҳияи Дўстӣ” аз аттестатсия гузаронида шуда, натиҷаи дар шўрои навбатии хадамот баррасӣ гардид ва барои баррасӣба мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Натиҷаи аттестатсияи гимназияи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара, мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, гимназияи хусусии ба номи Абўрайҳони Берунӣ дар ноҳияи Рўдакӣ, Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе, мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор, муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби Рустамов Ю.Д.” дар шаҳри Хуҷанд, мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятими ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара”,  Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ”, Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор”, муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби Нури Раҳмон” дар ноҳияи Ашт дар шўрои хадамот  ва мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар асоси қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм  муассисаҳои номбаршуда аз аттестатсия гузашта ҳисобида шуда, барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.

Дар фаъолияти таълимию тарбиявии муассисаҳои таълимии дар боло номбаргардида, дар баробари муваффақият камбудиҳо низ ба назар мерасанд, ки онҳо аз қабили нарасидани китобҳои таълимӣ , хусусан дар синфҳое, ки таълимашон ба забони русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст, ба талабот мувофиқат накардани пояи моддию техникии озмоишгоҳҳои фанҳои физика ва химия, ташкил накардани устохонаи таълимии фанни технология, дар баъзе муассисаҳои таълимӣ мавҷуд набудани майдони таълими ҳарбӣ, ба таъмири асосӣ ниёз доштани биноҳои таълимӣ ва ғайра ба мушоҳида мерасанд. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти таълимгоҳҳои номбаргардидаро зарур аст, ки дар асоси нишондоди камбудиҳое, ки дар маълумотнома, қарори шўрои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст, ислоҳи саривақтии онҳоро ба роҳ монанд.

Натиҷаи аттестатсияи муассисаи таълимии ғайридавлатии мактаби хусусии “Файз” дар шаҳри Хуҷанд низ дар шўрои хадамот ва мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бинобар сабаби мавҷуд набудани толори варзишӣ, ба пуррагӣ таъмин набудан бо китобҳои дарсӣ, тибқи меъёр дар қироатхона ташкил накардани ҷойи нишаст ва ба охир нарасонидани сохтмони бинои таълимии худӣ аз аттестатсия шартан гузашта ҳисобида шуда, барои ислоҳи камбудиҳо 2 (ду) сол муҳлат дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ натиҷаи аттестатсияи  муассисаи таълимии ғайридавлатии “Гимназияи забонҳо” дар шаҳри Хуҷанд ва муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби хусусии ба номи Аҳмади Дониш” дар шаҳри Хуҷанд дар шўрои хадамот ва мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Натиҷаи аттестатсияҳо нишон дод, ки фаъолияти муассисаи таълимии ғайридавлатии “Гимназияи забонҳо” дар шаҳри Хуҷанд ва муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби хусусии ба номи Аҳмади Дониш” дар шаҳри Хуҷанд ба талаботи Стандарти давлатии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва иҷро накардани талаботи банди 2 фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 .07.2015, №2121 бинобар сабаби бо бинои таълимии худӣ таъмин нагардидан, аз аттестатсия нагузашта ҳисобида шуда, тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо қатъ карда шуданд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ рафти иҷрои қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10.2016, №16/7 ва 29.11.2016, №17/13  дар муассисаҳои таълимии хусусии гимназияи “Нури ирфон” ба номи Раҳбар Қосимов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва “Баҳром Бобоев” дар шаҳри Конибодом санҷида шуд. Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки талаботи банди 3 қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.10.2016, №16/7 ва 29.11.2016, №17/13 иҷро нагардидааст. Бинобар ин, бо қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.04.2017, №5/15 (муассисаи таълимии хусусии гимназияи “Нури ирфон” ба номи Раҳбар Қосимов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ва аз 28.04.2017, №5/14 (муассисаи таълимии хусусии “Баҳром Бобоев” дар шаҳри Конибодом) фаъолияти ин муассисаҳои таълимӣ қатъ карда шуданд.

Натиҷаи аттестатсияи муассисаи таълимии ғайридавлатӣ (хусусӣ)-и литсей-интернат барои хонандагони болаёқати деҳаи Шугнови ноҳияи Ховалинг дар асоси қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.11.2017, №17/12 бо мақсади муайян  намудани масъалаи шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти мавқуф гузошта шуда, барои муайян намудани мақоми он дар муҳлати 1 моҳ шахсони масъул вазифадор карда шуданд.

Натиҷаи аттестатсияи Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кўлоб”, муассисаи таълимии ғайридавлатии (хусусии) “Паймон” дар шаҳри Хуҷанд ва муассисаи таълимии ғайридавлатии №1 дар шаҳри Истаравшан дар шўрои хадамот мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои муҳокима ба мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ

Дар давраи ҳисоботӣ аккредитатсияи 23 муассисаи таълимӣ аз ҷумла, 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 6 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 7  муассисаи таҳсилоти умумӣ гузаронида шуд.

Донишгоҳи славянии Россия Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймўъмин Раҳимов, Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб, Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод», Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Деваштич», Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш», Муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод, Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш», литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент, литсейи ҳарбии ба номи генерал-майор М. Д. Тошмуҳаммадови Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии (хусусии) “Гимназияи ба номи Ё. В. Гёте” дар шаҳри Хуҷанд, мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятими ноҳияи Рашт, гимназияи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара, литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” ва муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби Растамов Ю.Д.” дар шаҳри Хуҷанд аз ташхиси аккредитатсионӣ гузаронида шуд. Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии номбаршуда шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ дода шуд.

Иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ

Дар давраи ҳисоботӣ тибқи дархости раёсати муассисаҳои таълимӣ аз тарафи кормандони хадамот иҷозатномадиҳии ихтисосҳои нав, курсҳои кўтоҳмуддати омўзишӣ ва муассисаҳои томактабии 240 муассисаи таълимӣ (аз ин 29 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 193 муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, ибтидоӣ ва миёна ва 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ) аз ташхиси иҷозатномадиҳӣ  гузаронида шуд.

Натиҷаи иҷозатномадиҳии ҳамаи онҳо дар шўрои хадамот баррасӣ гардида, ба 234 муассисаи таълимӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуда, 6 муассисаи таълимӣ (2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ) бинобар сабаби норасогии таъмионоти кадрӣ ва мукамал набудани пояи моддию техникӣ ба онҳо иҷозатнома дода нашуд. Инчунин, ба 28 муассисаи таълимӣ бинобар сабаби тибқи талабот пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ҷавоби рад гардонида шуд ва ба онҳо барои дуруст пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо маслиҳат ва намунаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ дода шуд.

Дар соли 2017 дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз олии таълимӣ иҷозатномадиҳии ихтисосҳои нав ва курсҳои кўтоҳмуддати омўзишии Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, курсҳои кўтоҳмуддати омўзишии Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, курсҳои кўтоҳмуддати омўзишии парки технологии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит, ихтисосҳои нави Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафурров, курсҳои кўтоҳмуддати омўзишии Маркази таълимии касбомўзии Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А.Рўдакӣ, курсҳои кўтоҳмуддати омўзишии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, ихтисосҳои нави Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, курсҳои кутоҳмуддати омўзишии маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, курсҳои кўтоҳмуддати омўзишии маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, курсҳои кўтоҳмудати омўзишии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, ихтисосҳои нави Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С.Осимӣ, ихтисосҳои нави Донишгоҳи давлатии Данғара, ихтисосҳои нави Донишгоҳи Осиёи марказӣ дар шаҳри Хоруғ, ихтисосҳои нави докторантураи Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав,  ихтисосҳои нави Донишгоҳи милии Тоҷикистон ва ихтисосҳои муштараки ихтисосҳои Донишгоҳи милии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Белорус, ихтисосҳои нави Донишгоҳи давлатии Данғара, ихтисосҳои нави Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, таҳсилоти дуюми Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, ихтисоси докторантура аз рўи ихтисоси Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ихтисосҳои зинаи магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ихтисосҳои докторантураи Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, курсҳои кўтоҳмуддати омўзишии филиали Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кўлоб”,  курсҳои кўтоҳмуддати омўзишии маркази таълимии касбомўзӣ дар ноҳияи Нурободи назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт”, курсҳои кўтоҳмуддати омўзишии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ихтисосҳои докторантураи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб, курсҳои кўтоҳмуддати омўзишии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, курси кўтоҳмуддати омўзишии Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон , иҷозатномадиҳии ихтисосҳои нави Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, иҷозатномадиҳии ихтисосҳои нави Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, иҷозатномадиҳии ихтисосҳои нави Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва даровардани тағйирот ба замимаи иҷозатномаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шуда, дар асоси хулосаи комиссияҳои иҷозатномадиҳии хадамот ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти таълимии муассисаҳои таълимии мазкур иҷозатнома дода шуд.

Инчунин, ба замимаи иҷозатномаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд.

Дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва иловагӣ  тибқи дархости раёсати муассисаҳои таълимӣ иҷозатномадиҳии ихтисосҳои нави Муассисаи  давлатии таълимии «Коллеҷи омўзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ», Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷ. Балхӣ», Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсуфова”, Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе», Муассисаҳои давлатии таълимии «Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ», Муассисаҳои давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе», Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи техникӣ-теҳнологии назди Ташкилоти ҷамъиятии мудофиаи мададгори Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Фархор», Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Кўлоб», Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод», Муассиси давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии шаҳри Ваҳдат», курсҳои кўтоҳмуддати омўзишии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе», Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе», КВД «Маркази таълимии шаҳри Душанбе», ҶДММ «Ронанда сервис» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҶДММ «Эҳёи Хистеварз» дар ноҳияи Б.Ғафуров,  ҶДММ «Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» дар шаҳри Гулистон, Ташкилоти Ҷамъиятии «Ҷамъияти маъюбони шаҳри Бўстон», ҶДММ «Ёрӣ» дар шаҳри Панҷакент, Фонди ҷамъиятии эҳсонкории «Маркази забони олмонӣ», Намояндагии иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритўс, Намояндагии иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қўрғонтеппа,  Маркази таълимии «Илми муосир» дар ноҳияи Рашт, Намояндагии иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод, Соҳибкори инфиродӣ Қаюмова Саъбагул дар шаҳри Душанбе, ҶДММ Маркази таълимӣ ва илмию истеҳсолии «АВВАТ»  дар шаҳри Душанбе, ҶДММ «Ҳамсафар-2016» дар шаҳри Душанбе, Маркази таълимии «Зуҳал» дар шаҳри Душанбе, Маркази омўзишии «Сомон-school»  дар шаҳри Душанбе, Маркази таълимии «Сарзамини орзуҳо» дар шаҳри Душанбе, ҶДММ «Калиди хирад» дар шаҳри Душанбе, ҶДММ «Истеъдод  2017» дар шаҳри Душанбе, ҶДММ «Бобои Ёдгорхуҷа» дар ноҳияи Деваштич, филиали ҶДММ маркази таълимӣ ва илмию истеҳсолии ассотсиатсияи «АВВАТ» дар шаҳри Хуҷанд, ҶДММ «Сорбон сервис» дар ноҳияи Спитамен, ҶДМИМ «Сорбон 2011»  дар ноҳияи Девавштич, ҶДММ  «Маркази забономўзӣ дар шаҳри Душанбе», Маркази забономўзии «Доно» дар шаҳри Душанбе, Намояндагии Иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи А. Ҷомӣ, ҶДММ «Саманд-90» дар шаҳри Душанбе, ҶДММ «Фаридун» дар шаҳри Душанбе, Маркази омўзиши Зеҳнӣ дар шаҳри Душанбе, ҶДММ «Модарнома» дар шаҳри Душанбе,  намояндагии Иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом, намояндагии Иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, намояндагии Иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич, намояндагии Иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен, курсҳои кўтоҳмуддати қўшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассосиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бошгоҳи варзишии техникии ТҶММ-и вилояти  Мухтори Кўҳистони Бадахшон, мактаби муттаҳидаи техникии  ТҶММ-и вилоти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, курсҳои кўтоҳмуддати ташкилоти ҷамъиятии «Носири Хусрав» дар шаҳри Хоруғ, филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз», ҶДММ «Умарҷон-3» дар шаҳри Ваҳдат, Маркази технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар шаҳри Душанбе, ташкилоти ҷамъиятии  «Латиф» дар ноҳияи Файзобод, ташкилоти ҷамъиятии «Бонувони Хатлон» дар шаҳри Қўрғонтеппа, ташкилоти ҷамъиятии «Садои Осиё» дар шаҳри Душанбе, Кумитаи ноҳиявии Ташкилоти мададгори мудофиаи Спитамен, ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ба номи Саматов дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, Кумитаи ноҳиявии Ташкилоти мададгори мудофиаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ дар соҳаи энергетика»,  ҶДММ «Забондонӣ – ҷаҳон донӣ» дар шаҳри Душанбе, ҶДММ «Дабир ТҶ» дар шаҳри Душанбе, ҶДММ гурўҳи машваратчӣ, аудуторӣ ва ҳуқуқӣ, ҶДММ Нақлиётгаз-2014, ҶДММ “Давлаттшоҳ-М”, Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Дўстӣ, ҶДММ “Истиқлол-2016, ҶДММ “Роҳи тиллоӣ” , Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Сарбанд”, ҶДММ “Нўшофарин”, Коллеҷи омўзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДТО ба Номи С.Айнӣ, Маркази инкишоф ва дастгирии омўзиши касб, ҶДММ “Ситора”, ҶДММ “Маркази байналмилалии омўзиши забонҳои Хориҷӣ”, Ташкилоти чамъиятии “Маркази рушди маърифатнокии ҷавонон ва наврасон”, ҶДММ “Аркон ЛТД”, ҶДММ “Нури Хирад”, ЧДММ ба номи “У.Файзуллоев” Коллеҷи омўзгории шаҳри Панҷакент ба номи  Л.Шералӣ, Маркази таълимии  “Илми муосир” дар ноҳияи Рашт, Ташкилоти ҷамъиятии “Маърифатнокӣ”, ҶДММ “Эраҷ”, ҶДММ “АВВАТ”, ҶДММ “Мадади Сомон”, Муассисаи “Абдуллоҷони Шариф”, Кумитаи шаҳрии ТҶММ  дар шаҳри Бўстон , ТҶММ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров, Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кўҳии шаҳри Исфара”, Ташкилоти ҷамъиятии “Раҷ Рапт”, Маркази касбомўзӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дар шаҳри Исфара, курсҳои кўтоҳмуддати Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии ноҳияи Спитамен”, курсҳои кўтоҳмудати Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тарбияи Ҷисмонии Тоҷикистон”, Ташкилоти чамъиятии “Корвони умед”, Ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи бойторони Тоҷикистон” Курсҳои кўтоҳмуддати муассисаи давлатии “Маркази таълимӣ, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои” Саридораи геология, Филиали  Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, курсҳои кўтоҳмуддати Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи  А.Ҷомии Академияи таҳсилоти  Тоҷикистон, Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе”, Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе”. ҶДММ “Илм-2015”, ҶДММ “Фоурокус-академий”, Маркази таълимии ҷавонон дар ноҳияи Рўдакӣ, Муассисаи давлатии  таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Турсунзода”, Кумитаи ноҳиявии ТҶММ дар ноҳияи Ашт, Кумитаи шаҳрии ТҶММ дар шаҳри Исфара, Мақтабии мутаҳидаи техникии ТҶММ дар шаҳри Хуҷанд, Мактаби ронандагии ТҶММ дар шаҳри Панҷакент, муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи технологӣ ва инноватсионии” назди Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Кумитаи ноҳиявии ТҶММ дар ноҳияи Зафаробод, Кумитаи ноҳиявии ТҶММ дар ноҳияи Мастчоҳ, Кумитаи шаҳрии ТҶММ дар шаҳри Истиқлол, Мактаби мутаҳидаи техникии ТҶММ дар шаҳри Конибодом, Муассисаи таълимии ғайридавлатии  “Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд”, Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи тибии шаҳри Гулистон”, Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Қўрғонтеппа, курсҳои кўтоҳмуддати назди литсейи №8 шаҳри Исфара, ҶДММ “Мусаввир М. М. дар ноҳияи Рўдакӣ” курсҳои кўтоҳмуддати Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод”, аз нав ба расмиятдарории иҷозатнома ва шаҳодатномаи Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии ноҳияи “Деваштич”, Маркази таълимии “Иқбол” дар ноҳияи Фархор, маркази таълимии забономўзии “Муосир”, Мактаби ронандагии ТҶММ дар ноҳияи Ёвон, ҶДММ  “Ҳоҷӣ Нўъмон”, Кумитаи ноҳиявии ТҶММ дар ноҳияи Б.Ғафуров, Маркази забономўзии”Алфоз”, Мактаби мутаҳидаи техникии ТҶММ дар шаҳри Истаравшан, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии информатсионӣ ва коммуникатсия”,  Ташкилоти ҷамъияти хайриявии “Сафои Ватан”, ҶДММ “Ҷилои дониш 2017”, Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав”, Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии  шаҳри Ваҳдат, Маркази таълимии “Дониш -2017”, Маркази такмили ихтисоси кормандони муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”, Иттиҳодияи Ҷамъиятии “Дўстӣ”, Маркази таълимии касбомўзӣ дар ноҳияи Нуробод”, ҶДММ “Мадади Сомон”,  Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи омўзгории шаҳри Ҳисор”, Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи техникию омўзгории ноҳияи Рўдакӣ”, ҶДММ “Ниҳолистони боғи сабз”, ҶДММ “чароғи дониш”, ҶДММ “Глобус-М дар шаҳри Исфара”, Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд”, Маркази таълимии истеҳсолии “Дилсўз Шаҳринав”, Маркази таълимии “Дунёи забон” дар шаҳри Душанбе, Маркази таълимии «Эксперанто» дар шаҳри Душабе,  маркази таълимии «Созанда» дар шаҳри Панҷакент,  ҶДММ     «Истиқлол Ҳ.Ғ» дар шаҳри Истарвшан, Иттифоқи автомобилчиёни ноҳияи Ёвон,  Иттифоқи автомобилчиёни ноҳияи Тоҷикобод,   Иттифоқи автомобилчиёни ноҳияи Рўдакӣ,  ҶДММ «Саидиён» дар шаҳри Душанбе,  ҶДММ «Ҷаҳонгири Болтабой» дар шаҳри Ваҳдат,  «Ориё ГАЗ» даршаҳри Душанбе, Мактаби мутаҳиддаи техникии ТҶММ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, натиҷаи иҷозатномадиҳии  курсҳоии кўтохмуддати Мактаби мутаҳиддаи техникии ТҶММ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри  Ҳисор,  ҶДММ «МБО прфессионал «  дар шаҳри Исфара, ҶДММ «Баҳром–Т» дар шаҳри Исафара,  ҶДММ «Алома» дар шаҳри Хуҷанд,  Иттифоқи автомобилчиёни шаҳри Хуҷанд,  Иттифоқи автомобилчиёни ноҳияи Ашт, курсҳоии кўтохмуддати  клуби ҷумҳуриявии  варзишӣ- техники ТҶММ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе,  ихтисоси нав ва курсҳои кўтоҳмуддати  муассисаи таълимии ғайри давлатии «Коллеҷи  техники шаҳри Хуҷанд»,  маркази  таълимии « Нури хирад» дар шаҳри Душанбе,  ҶДММ  «МБО- профессионал» дар шаҳри Душанбе, ҶДММ «МБО профессионал» дар шаҳри Ҳисор,  ҶДММ «Маърифат-2012» дар шаҳри Душанбе, ТҶММ  Маркази таълимии « Ниҳол»дар шаҳри Кўлоб ,  ТЧММ дар ноҳияи Восеъ,   ҶДММ «Мадади Сомон» дар ноҳияи Чайхун,     ҶДММ «Имкон-М» дар ноҳияи Спитамен, ТҶММ дар шаҳри  Роғун,  Клуби вилоятӣ варзишӣ- техникии ТҶММ дар вилояти Хатлон,  ҶДММ  «Маркази ҳунаромўзии шаҳри Қўрғонтеппа»,  ТҶММ  дар шаҳри  Тусунзода, Маркази  омўқзиши дақиқи соҳибкори Инифиродӣ Олимов О, ҶДММ  »Мактаби  ронандатайёркунии  Бобоҷон Нақлиёт», литсейи касбии саноати дўзандагии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Норак.  ТҶММ дар ноҳияи Файзобод,  ҶДММ   «Ронандаи Моҳир» дар шаҳри Душанбе,  ҶДММ «Саманди Самир дар шаҳри Душанбе»,  ҶДММ  «Маркази Саидиён дар шаҳри Душанбе» ба анҷом расонида ва ба онҳо барои пешбурди фаъолият ба муҳлати панҷ сол иҷозатнома дода шудааст.

Ба муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Фархор» ҷиҳати кушодани ихтисосҳои нав ва ба Намояндагии иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар аз сабаби мукаммал набудани пояи моддию техникии таълимгоҳ иҷозатнома дода нашуд.

Дар зинаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ барои фаъолияти таълимию тарбиявии кўдакистони “Андалеб”-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Андалеб-2014” дар ноҳияи Рўдакӣ, муассисаи таълимии томактабии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бойчечак” дар шаҳри Душанбе, кўдакистони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маликаи Наврўз” дар шаҳри Душанбе, муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Мактаби Акрам” дар ноҳияи Спитамен, муассисаи таълимии томактабии хусусии “Меҳрафрўз” дар шаҳри Конибодом, гимназияи хусусии “Андешаи пок” дар шаҳри Душанбе, кўдакистони хусусии “Дурахшон”-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маркази таълимӣ, ташхисӣ-табобатии ворисони Сино” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, боғча-кўдакистони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Далерак” дар шаҳри Душанбе, муассисаи ғайридавлатии (хусусии) таълимии литсейи “Дониш” дар шаҳри Турсунзода, муассисаи таълимии хусусии “Донишвар 1” дар шаҳри Душанбе, муассисаи ғайридавлатии “Мактаби зеҳнии Торуан Маҳмудова” дар шаҳри Исфара, Ташкилоти ҷамъиятии “Кўдакони бомаҳорат” дар шаҳри Хоруғ, муассисаи таълимии томактабии ғайридавлатии “Парвози орзу” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти томактабӣ ва умумии “Ояндаи дурахшон” дар шаҳри Бўстон, муассисаи хусусии таълимии томактабии “Табассум”-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Аниси Амин” дар шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди кўдакистони бадеӣ-таҳсилии “Хурўсаки заррин” дар шаҳри Душанбе тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти таълимию тарбиявӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.

Бинобар сабаби ба талаботи барномаи иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии томактабӣ ҷавобгўй набудан ба муассисаи таълимии томактабии хусусии “Офтобак”-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Миҷгона-2015” дар шаҳри Конибодом,  муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Раҳматулло” дар шаҳри Хуҷанд, муассисаи ғайридавлатии (хусусии) таълимии литсейи “Дониш” дар шаҳри Турсунзода  барои пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозатнома дода нашуд.

Дар баробари ин, муассисаҳои таълимии Маркази кўдакони ҶДММ “Бибихонум” дар шаҳри Бўстон, литсейи иқтисодии “Ҳилол” дар шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе”  иҷозатнома ва шаҳодатномаи онҳо, бинобар сабаби иваз гардидани нишонӣ ва номашон аз нав ба расмият дароварда шуд.

Ба ғайр аз ин, бинобар сабаби дигар фаъолият карда натавонистан, фаъолияти таълимии муассисаи таҳсилоти томактабии “Дарахти нек”-и соҳибкори инфиродӣ Ф.Сайфуллоева дар шаҳри Душанбе қатъ карда шуд.

Санҷиши сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ. Тибқи нақшаи кории хадамот дар соли 2017 санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кўлоб, муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Истаравшан, Турсунзода, Фархор, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Ҷалолиддини Балхӣ, литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилӣ дар шаҳри Душанбе, литсейи касбии техникии шаҳри Ваҳдат, литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан,  литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Кўлоб, литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳри Кўлоб, литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳри Сарбанд, литсейи касбии техникии ноҳияи Б.Ғафуров, литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд, коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе, коллеҷи тиббии шаҳри Қўрғонтеппа, коллеҷи омўзгории шаҳри Турсунзода, коллеҷи омўзгории Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, коллеҷи омўзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, коллеҷи муҳандисию омўзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт гузаронида шуд.

Ҳамчунин, санҷиши рафти фаъолияти шуъба, бахш ва гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе ва санҷиши рафти аттестатсияи давлатии хатмкунандагон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қўрғонтеппаи вилояти Хатлон гузаронида шуд.  Дар ин давра натиҷаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар коллеҷи техникию омўзгории ноҳияи Рўдакӣ ва литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор, ки  тибқи нақшаи кории хадамот барои нимсолаи дуюми соли 2016 дар моҳи декабр гузаронида шуда буд, дар шўрои хадамот моҳи феврали соли 2017 баррасӣ гардиданд ва аз натиҷаи санҷиш ба унвонии муассисаҳои мазкур маълумотнома ва қарорҳои шўрои хадамот ирсол карда шуданд.

Натиҷаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кўлоб нишон дод, ки маводи шўрои педагогӣ дар шакли пароканда буда, на ҳамаи масъалаҳо нигоҳдорӣ карда мешаванд ва протоколҳо анъанавӣ навишта шуда,  дар нақша бештар масъалаҳои марбут ба сифати таҳсилот ворид карда шудааст. Таҳлили фаъолияти шўрои методӣ маълум намуд, ки дар ин самт низ, алалхусус дар нақша ва ҳуҷҷатҳои роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ ва маҳфилҳои фаннӣ камбудӣ ва норасоиҳо дида мешавад. Инчунин, дар журналдории синфҳо низ баъзе норасоиҳо ба назар расид.

Дар самти таҷрибаивазкунӣ, яъне иштирок ба дарсҳои якдигар корҳо чандон назаррас набуда, омўзгорон ба дарсҳои якдигар кам иштирок менамоянд.

Дар корҳои санҷишӣ аз теъдоди 720 нафари тибқи рўйхатбуда, 696 нафар (96,6%) хонандагон иштирок намуда, 103 нафар (14,7%) баҳои «5», 306 нафар (43,9%) баҳои «4», 183 нафар (26,2%) баҳои «3» ва 104 нафар (14,9%) баҳои «2» гирифтанд. Сатҳи азхудкунии дониши хонандагони таълимгоҳ ба 85,0% баробар буда, сифати таҳсилот (баҳои 4 ва 5) 58,7%-ро ташкил дод.

Натиҷаи санҷиши муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Истаравшан собит намуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ 99 нафар омўзгор намерасанд ва 117 нафар омўзгор ғайрифаннӣ дарс мегўянд. Дар баробари ин, ҳоло муассисаҳои таълимии № 37 (деҳаи Вогат) ва    № 46 (деҳаи Тутк) қисман дар ҳолати садамавӣ мебошанд.

Фаъолияти гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар баъзе муассисаҳо назаррас буда, бо хонандагон мониторинги сифати таҳсилот  гузаронидаанд. Дар баъзе таълимгоҳҳо, аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти умумии №№41,42 гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилот таъсис дода нашудааст.

Эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ 207312 нусхаро дар бар гирифта, аз фанҳои забони тоҷикӣ (синфҳои 1-4), математика (синфҳои 1-3), санъат ва меҳнат (синфи 1), суруд (синфи 2), забони русӣ (синфҳои 3,4) ва аз фанҳои забони тоҷикӣ, адабиёт, забони англисӣ, таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ, математика, тарбияи ҷисмонӣ, касбу ҳунар (писарон ва духтарон), алгебра, физика, зоология, забони русӣ, нақша, география, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон, химия, биология, технологияи инфарматсионӣ, дифои ҳарбӣ дар синфҳои 5-11 нарасидани китобҳои дарсӣ ба мушоҳида расид.

Дар 73 муассисаи таълимӣ 106 синфхонаи компютерӣ ва 106 нафар омўзгори фанни технологияи инфарматсионӣ ҳаст, ки 70% омўзгорон ихтисосманд мебошанд ва дар таълимгоҳҳои №№13,18,20,32, 34,36,48,51,57,59,62,63 ва гимназияи №6 мутахассис намерасанд.

Санҷиш  нишон дод, ки иштироки хонандагон ба дарсҳо дар рўзҳои санҷиш дар умум 86,3%-ро ташкил дода, сатҳи донишазхудкунии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар умум 62,2%-ро ташкил дод. Сифати дониш бошад (баҳои 4-5), ба 26,6% баробар мебошад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Фархор натиҷаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот нишон дод, ки гарчанде ки муассисаҳои таълимии ноҳия дар умум ба омўзгорон ба кадрҳои педагогӣ таъмин бошанд ҳам, нарасидани кадрҳои омўзгорӣ дар баъзе муассисаҳои таълимӣ ба мушоҳида расид. Масалан, муассисаи таҳсилоти умумии №7 ба омўзгорони фанҳои забони англисӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва таъриху ҳуқуқ ниёз дошта, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии №№7, 23, 41, 22, 17, 19 омўзгорони ғайрифаннӣ дарс мегўянд.

Муассисаҳои  таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, методӣ ва бадеии воридгашта таъмин шудаанд. Нақшаи қарзи  классикии  китобҳои дарсӣ ва солонаи он  дар ноҳия  ба пуррагӣ иъро гардидааст.

Дар рафти санҷиш комиссия ба масъалаи вазъи кунунии пояи моддию техникии муассисаҳои санҷидашуда таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дар натиҷа маълум гардид, ки заминаҳои моддию техникии баъзе муассисаҳо суст буда, масоҳати таълимии синфхонаҳо талаботи меъёриро қонеъ карда наметавонад. Ҳамчунин, дар муассисаҳо мизу курсӣ фарсуда буда, талаботи синну солӣ ба инобат гирифта нашудааст. Кабинетҳои таълимӣ барои омўзиши фанҳои физика, химия, биология ва технологияи иттилоотӣ тибқи талаботи барномаи таълимии ин фанҳо таҷҳизонида нашуда, барои гузаронидани корҳои лабораторию амалӣ шароити зарурӣ муҳайё нест. Дар таълимгоҳҳои ноҳия барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани дарсҳои фанни технология устохонаҳои таълимӣ кифоя набуда, дар  баъзе муассисаҳо кабинетҳои фанни технологияи иттилоотӣ тибқи талабот таҷҳизонида нашуда, муассисаҳо ба хатти Интернет пайваст нестанд.

Сатҳи азхудкунии дониши хонандагони муаасисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо назардошти муассисаҳои санҷидашуда ба 69,6% баробар буда, сифати таҳсилот (баҳои 4 ва 5) 30,3% ташкил дод, ки ин талаботи меъёриро қонеъ карда наметавонад.

Натиҷаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Турсунзода маълум намуд, ки китобҳои дарсӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, алгебра, химия, физика, математика, забони англисӣ, забони русӣ дар синфҳои боло (синфи 10-11), дар синфхои 4 китоби математика ва забони модарӣ, математика дар синфҳои 3, дар синфҳои 7,8,9,10,11 китобҳои биология, дар синфҳои 8-9 китоби физика, забони русӣ, забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ, таърихи умумӣ намерасанд ва ин нишондод 30%-ро ташкил медиҳад.

Сатҳи донишазхудкунии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар умум 75,5%-ро ташкил дода, сифати дониш (баҳоҳои 4-5), ба 36,5% баробар мебошад.

Санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Рашт маълум намуд, ки гарчанде шумораи синфхонаҳои компютерӣ 71 адад ва омўзгорони фанни технологияи информатсионӣ 80 нафарро ташкил намоянд ҳам, аз ин теъдод 35 нафарашон омўзгорони ғайриихтисос мебошанд. Ҳамчунин, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 152 нафар омўзгори ғайриихтисос фаъолият намуда истодаанд.

Дар таълимгоҳҳои ноҳия барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани дарсҳои фанни технология устохонаҳои таълимӣ кифоя набуда, дар муассисаҳо кабинетҳои фанни технологияи иттилоотӣ тибқи талабот таҷҳизонида нашудаанд. То имрўз муассисаҳо почтаи электронӣ ва ба шабакаи Интернет пайваст нестанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия нарасидани китобҳои дарсӣ аз фанҳои забони модарӣ (синфҳои 2,3), адабиёт (синфи 5, 8), забони хориҷӣ (синфҳои 3, 4, 5, 6, 10 ва 11), математика (синфҳои 1, 2, 3), алгебра (синфҳои 8, 9), химия (синфҳои 9,10,11), физика, забони трусӣ, нақша (9,10,11), таърихи умумӣ,алгебра,адабиёт (синфи 11), биология (синфҳои 8, 9, 10), география (синфи 6), технологияи иттилоотӣ(синфи 11) ва забони русӣ, нақша таърихи халқи тоҷик таърихи умумӣ (синфи 8) ба мушоҳида расид.

Сатҳи донишазхудкунии хонандагон ба ҳисоби миёна 59,7% баробар буда, сифати таҳсилот (баҳои 4 ва 5) 22,7%-ро ташкил медиҳад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон санҷиши вазъи ҳуҷҷатгузорӣ маълум намуд, ки дар самти банақшагирии фаъолият ба камбудиҳо роҳ дода шуда, аксарияти нақшаҳои солона қолабӣ буда, муҳтавои онҳо такрори якдигаранд. Дар баъзе ҳолатҳо масъалаҳои нақша ба рўзномаи ҷаласаи шўрои педагогӣ мувофиқат намекунад ва сабаби онҳо нишон дода нашудааст. Протоколҳои ҷаласаҳои шўро пур аз камбудиҳо буда, маводи баъзе масъалаҳо мавҷуд нест ва қарорҳо мушаххас қабул нагардидаанд.

Санҷиши фаъолияти гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаи таълимӣ нишон дод, ки фаъолияти кунунии гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар аксарияти муассисаҳои таълимии ноҳия тибқи талабот набуда, саҳми онҳо дар баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот назаррас нест ва дар баъзе муассисаҳо онҳо фаъолият намекунанд. Пеш аз ҳама бояд ба ҳайати ин гурўҳ омўзгорони собиқадори муассисаҳо шомил карда шаванд. Мутаассифона, дар аксарияти таълимгоҳҳо роҳбарии ин гурўҳҳоро ҷониши директор оид ба таълим ба уҳда дорад, ки қобили қабул нест.

Сатҳи донишазхудкунӣ ба 66,5% баробар буда, сифати дониш (баҳои 4 ва 5) 32,2%-ро ташкил медиҳад, ки ин нишондод ба талаботи меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷавобгў нест.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Тоҷикобод 86 нафар (16,2%), аз ҷумла 45 нафар зан бо таҳсилоти миёнаи касбии ихтисосҳои ғайриомўзгорӣ ва 58 нафар (9,9%) омўзгор бо таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд.

Синфхонаҳои компютерии амалкунанда талаботи барномаи таълимиро қонеъ карда наметавонанд ва бо маводи зарурӣ таъмин нестанд. Ҳамчунин, муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи умумиҷаҳонии Интернет пайваст набуда, почтаи электронӣ надоранд.

Сатҳи азхудкунии дониши хонандагони муаасисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо назардошти муассисаҳои санҷидашуда ба 56,4% баробар буда, сифати таҳсилот (баҳои 4 ва 5) 23,9% ташкил дод, ки ин талаботи меъёриро қонеъ карда наметавонад.

Санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Лахш собит намуд, ки дар назди шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш  тибқи қарори Раиси ноҳия аз 15.03.2007, №54 бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба миқдори 3 (се) воҳиди корӣ таъсис дода шуда, дар соли 2011 ду воҳиди кории бахш ихтисор гардида, ки айни замон  як нафар сармутахассис фаъолият менамояд.

Санҷиши фаъолияти гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаи таълимӣ нишон дод, ки фаъолияти кунунии гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар аксарияти муассисаҳои таълимии ноҳия тибқи талабот набуда, саҳми онҳо дар баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот назаррас нест. Пеш аз ҳама бояд ба ҳайати ин гурўҳ омўзгорони собиқадори муассисаҳо шомил карда шаванд. Мутаассифона, дар аксарияти таълимгоҳҳо роҳбарии ин гурўҳҳоро омўзгорони собиқадор ба уҳда надоранд. Ҳамчунин, аъзоёни ин гурўҳҳо моҳияту муҳимияти таъсиси ин гурўҳҳоро дарк накарда, фаъолияти низомномавии ин гурўҳҳоро таъмин карда натавониста истодаанд.

Сатҳи азхудкунии дониши хонандагони муаасисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо назардошти муассисаҳои санҷидашуда ба 64,4% баробар буда, сифати таҳсилот (баҳои 4 ва 5) 30,5% ташкил дод, ки ин талаботи меъёриро қонеъ карда наметавонад.

Дар литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Сарбанд натиҷаи санҷиши парвандаҳои хонандагони курси якум маълум намуд, ки ва дар ин самт камбудӣ ва норасоиҳо, аз қабили набудани аттестат, варақаи имтиҳонӣ, набудани корҳои корҳои санҷишӣ ва набудани баҳо ва имзои имтиҳонгиранда ҷой дорад.

Дар таълимгоҳ ба истиснои ихтисосҳои 3-400252.01-системаи компютерӣ ва Интернет-технология, 3-500155-дўзанда ихтисосҳои боқимонда стандарти таълимӣ надоранд.

Дар муассиса ҳолатҳои ғайриихтисос дарс гуфтани омўзгорон низ ба мушоҳида расид. Масалан, омўзгор Элбегиев бо таҳсилоти такягоҳии омўзгори фанни забони русӣ аз фанни челонгари асбобҳои андозагирӣ, санҷишӣ ва автоматикуноннӣ дар гурўҳи 9, курси якум дарс мегўяд. Ҳамчунин, дар таълимгоҳ омўзгори фанҳои тахассусии ихтисоси харрот намерасад.

Сатҳи донишазхудкунии хонандагон аз фанҳои умумитаълимӣ дар литсей 39,0%-ро ташкил намуда, сифати таҳсилот ба 16,0% баробар мебошад, ки ин нишондод ба талаботи меъёрӣ ҷавобгў нест. Дар баробари фанҳои умумитаълимӣ сатҳи дониши хонандагон аз фанҳои тахассусӣ 60,7%-ро ташкил намуда, сифати таҳсилот ба 32,3 % баробар мебошад, ки ин нишондод ба талаботи меъёрӣ низ ҷавобгў нест.

Натиҷаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Кўлоб нишон дод, ки тайи ду соли охир аз тарафи омўзгорони литсей дастуру васоити таълимию методӣ ва мақолаҳо нашр нагардидааст ва шумораи китобҳои дарсӣ кам буда, ҷойи нишаст дар қироатхона ба меъёр мувофиқат намекунад.

Сатҳи донишазхудкунии хонандагони литсей дар умум ба 53,3% ва сифати дониш бошад (баҳоҳои 4-5), 20,5%-ро ташкил дод.

Дар литсейи касбии техникии шаҳри Ваҳдат зимни санҷиш маълум гардид, ки китобҳои дарсӣ дар заминаи синфи 9 ва фанҳои тахассусӣ бо забони тоҷикӣ кам буда, миқдори ҷои нишаст дар қироатхона ба меъёр мувофиқ намебошад. Ҳамчунин, дар ду соли охир аз тарафи омўзгорони литсей дастуру васоити таълимию методӣ ва мақолаҳо нашр нагардидааст.

Сатҳи донишазхудкунии донишҷўёни литсей дар умум ба 51,2% ва сифати дониш бошад (баҳоҳои 4-5), 18,9%-ро ташкил дод.

Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии шаҳри Кўлоб бо шабакаи Интернет пайваст набуда, хонандагон аз мадем истифода менамоянд.

Гурўҳи ихтисоси дўзандагӣ дар деҳаи Туту ба талабот ҷавобгў набуда, синфхона бо таҷҳизот ва мошинаҳои дўзандагӣ пурра таъмин нест. Шароити хобгоҳи литсей пурра ба талабот ҷавобгў нест.

Сатҳи азхудкунӣ дар умум ба 51,2% баробар буда, сифати дониш (баҳоҳои 4-5) 13,6 %-ро ташкил дод.

Дар литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе нақшаи дурнамои такмили ихтисос ва бозомўзии  кормандон барои солҳои 2015-2020 таҳия ва тасдиқ гардида бошад ҳам, аммо дар ду сол 17 нафар омўзгорон,ё 28,8% аз ин курсҳо гузаштанд, ки  ба меъёр мувофиқ нест (дар як сол 20%).

Вобаста ба ихтисосҳои «Кафшергари газӣ-барқӣ», «Челонгари таъмири автомобил», «Системаи компютерӣ ва Интернет-технология» ва китобҳои умумитаълимӣ дар китобхона қариб ки ба назар намерасанд.

Сатҳи азхудкунӣ дар умум ба 56,1 % баробар буда, сифати дониш (баҳоҳои 4-5) 20,6 %-ро ташкил дод.

Натиҷаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар коллеҷи техникию омўзгории ноҳияи Рўдакӣ маълум намуд, ки омўзгорони унвон ва дараҷаи илмидор дар коллеҷ аз ҳисоби омўзгорони асосӣ 1 нафар буда, 2,2%-ро ташкил менамояд, ки ин ба меъёрҳо мувофиқат намекунад (на кам аз 5%).

Китобҳои дарсӣ дар коллеҷ вобаста ба ихисосҳои таҳсилоти томактабӣ, таъмини техникии корҳои кишоварзӣ, хизматрасонии техникӣ ва таъмири муҳаррикони дарунсўз, дўзандагӣ, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии барқӣ ва дар заминаи синфи 9 намерасанд.

Сатҳи донишазхудкунии донишҷўёни коллеҷ дар умум ба 59,6% ва сифати дониш бошад (баҳоҳои 4-5), 25,5%-ро ташкил дод.

Санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар коллеҷи омўзгории Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ собит намуд, ки аз шумораи омўзгорони доимӣ 2 нафараш дорои дараҷаи илмӣ мебошанд (2,0%) ва ба меъёрҳо мувофиқ нест (5%).

Сатҳи донишазхудкунӣ дар коллеҷ аз рўи натиҷаи корҳои гирифташуда дар умум 64,9%-ро ташкил намуда, сифати дониш (баҳоҳои 4-5) ба 25,2% баробар мебошад.

Санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар коллеҷи тиббии шаҳри Қўғронтеппа нишон дод, ки фаъолияти гурўҳи идоракунии сифати таҳсилот хуб ба роҳ монда шуда, оид ба натиҷаи фаъолияти гурўҳ ва мониторингҳои гузаронидашуда мунтазам ба Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф маълумотнома пешниҳод менамояд. Дар борабри ин, таҳлили санҷишҳои сатҳи сифати таҳсилоти аз тарафи ин гурўҳ гузаронидашуда маълум намуд, ки ба дониши донишҷўён баҳо аз меъёр баланд гузошта шуда, сатҳи донишазхудкунӣ низ баланд нишон дода шудааст.

Сохтори амалкунандаи коллеҷ дар асоси сохтори намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.05.2015, №9/52 тасдиқ гардидааст,  ташкил карда нашудааст (бояд факултетҳо таъсис дода шавад).

Дар коллеҷ танҳо як нафар (0,8%) директори коллеҷ дараҷаи илмӣ дорад, ки ба меъёр мувофиқ нест (5%).

Дар соли 2016  5 нафар (4,1%) омўзгорон аз курси такмили ихтисос гузаштаанд, ки ин нишондод талаботи меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро қонеъ карда наметавонад (20%).

Дар коллеҷ нарасидани китобҳои дарсӣ аз фанҳои гистология, бемориҳои сироятӣ ва парастории беморон, забони лотинӣ ва асосҳои истилоҳоти тиббӣ, бемориҳои занона (гинекология), тадқиқотҳои миллӣ дар кори ҳамширагӣ, кори ҳамширагӣ дар терапия, кори ҳамширагӣ дар педиатрия, анатомияи одам ва намудҳои расонидани ёрии таъҷилӣ ба мушоҳида расид.

Сатҳи донишазхудкунии донишҷўёни коллеҷ аз фанҳои умумитаълимӣ ба 76,5% ва сифати дониш бошад (баҳоҳои 4-5) 43,9%-ро ташкил дод. Сатҳи донишазхудкунии донишҷўёни коллеҷ аз фанҳои тахассусӣ ба 73,4% ва сифати дониш бошад (баҳоҳои 4-5) 39,9%-ро ташкил дод.  Сатҳи азхудкунӣ дар умум дар коллеҷ ба 74,9% ва сифати дониш (баҳоҳои 4-5) бошад, 41,9%-ро ташкил дод.

Натиҷаи санҷиши муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омўзгории шаҳри Турсунзода собит сохт, ки дар таълимгоҳ нақшаи дурнамои аз курси такмили ихтисос гузаштани омўзгорон бо назардошти талаботи меъёрӣ таҳия ва тасдиқ нагардидааст. Тибқи маводи пешниҳодгардида 23 нафар омўзгорон аз курси такмили ихтисос (таълим салоҳиятнок) гузаштаанд.

Дар муассиса нарасидаи китобҳои дарсӣ аз забон ва адабиёти тоҷик, технологияи иттиллотӣ, табиат ва химия, алгебра, педагогика, тарбияи ҷисмонӣ, забон ва адабиёти рус ба мушоҳида расид. Қироатхонаи муассисаи таълимӣ ҳамагӣ 20 ҷои нишаст дорад, ки ин талаботи меъёрҳои муайянкунандаро таъмин карда наметавонад.

Сатҳи донишазхудкунии донишҷўён коллеҷ аз фанҳои умумитаълимӣ ва тахассусӣ ба 63,0% ва сифати дониш бошад (баҳоҳои 4-5) 26,7%-ро ташкил дод.

Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мавриди санҷиш маълум гардид, ки тибқи фармоишҳои вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.03.2007, №330, аз 16.12.2010, №2955 ва аз 04.03.2013, №497 дар бораи  таъсиси бахшу гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилот ва «Оид ба тасдиқи Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар донишкада шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дар асоси фармоиши ректори таълимгоҳ аз 15.02.2011, №19/и таъсис дода шуд. Ба шуъба ҳамасола дар асоси фармоишҳои ректори муассиса 5 нафар омўзгорони кафедраҳои мухталифи донишкада ҳамчун экспертҳо бо пардохти иловагии 10% як воҳиди кориашон ба ҳайати шуъба шомил карда мешаванд.

Бо мақсади таъмин намудани донишҷўён бо китобҳои дарсӣ ва мутолиаи адабиёти бадеӣ дар донишкада китобхона ташкил карда шуда, фонди умумии он 43306 нусха китобҳои гуногунро дар бар гирифта, ин нишондод ба талаботи меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (на камтар аз 200 ҳазор нусха) ҷавобгў нест. Китобхона дорои қироатхона буда, дорои 100 ҷойи нишаст буда, ба талаботи меъёрӣ (на камтар аз 200 ҷой) мувофиқат намекунад.

Айни замон дар ихтисосҳои гуногуни таълимгоҳ нарасидани китобҳои дарсӣ аз фанҳои низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт, фаъолияти биржавӣ, фаъолияти иқтисоди беруна, сармоягузорӣ, менеҷменти бонкӣ ба мушоҳида мерасад.

Сатҳи донишазхудкунии донишҷўён дар донишкада 57,5%-ро ташкил намуда, сифати таҳсилот ба 21,9% баробар мебошад.

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ 172 нафар омўзгори доимӣ дорои унвон ва дараҷаи илмӣ мебошанд, ки натиҷаи он 33,7% буда, ба меъёрҳои муайянкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои донишгоҳҳо (на камтар аз 50%) мувофиқат намекунад.

Нақшаи дурнамои аз курси такмили ихтисос гузаронидани омўзгорон дар донишгоҳ таҳия ва тасдиқ гардида, дар соли 2017 100 нафар омўзгор  курси такмили ихтисосро дар дохили кишвар ва 3 нафар дар хориҷи кишвар (Ҷопон, Чин ва Федератсияи Россия) гузаштаанд. Ҳамзамон, ба мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи дониши омўзгорон дар донишгоҳ курсҳои кўтоҳмуддати такмили ихтисоси дохилӣ ба роҳ монда шудааст ва аксарияти устодон ва махсусан устодони ҷавон бо ин курсҳо фаро гирифта шудаанд.

Корҳои тарбиявӣ дар таълимгоҳ ҳарчанд тибқи нақша ва инчунин, чорабиниҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ва шаҳрӣ гузаронида шаванд ҳам, вале донишҷўён сару либоси тавсиявиро дуруст риоя намекунанд ва иштироки донишҷўён ба дарсҳо суст (80,0%)  буда, дар баъзе гурўҳҳо то 7-10 нафар дар дарсҳо иштирок надоштанд.

Бо мақсади муайян намудани сатҳи дониши донишҷўён интихобан дар гурўҳҳои алоҳида корҳои хаттӣ ва тестӣ (тариқи Маркази тестии дохилии муассиса) гузаронида шуда, сатҳи донишазхудкунии донишҷўён дар донишгоҳ 73,3%-ро ташкил намуда, сифати таҳсилот ба 34,4%  баробар мебошад.

Сатҳи донишазхудкунии донишҷўён аз рўйи фанҳои тахассусӣ дар донишгоҳ 85,0%-ро ташкил намуда, сифати таҳсилот ба 43,0 % баробар мебошад.

Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҳарчанд таърихи начандон калон дошта бошад ҳам, вале барои тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи омўзгорӣ ва таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, махсусан минтақаи Рашт корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст.

Айни замон дар донишкада 4 факултет, 12 кафедра аз рўи 16 ихтисос амал мекунад. Раванди таълим дар донишкада аз рўи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шуда, имтиҳонҳои ҷамъбастӣ пурра ба тариқи тестӣ дар компютерҳо гузаронида мешаванд.

Шумораи омўзгорони доимии унвон ва дараҷаи илмидор дар донишкада ба 4 нафар мерасанд (4,5%), ки ба меъёрҳо мувофиқат намекунад (35%).

Фонди умумии китобхонаи донишкада ба 16876 адад китоб мерасад, ки аз ин 126 ададаш адабиёти таълимии мактабӣ, 1088 адад адабиёти бадеӣ ва 15146 адад адабиёти тахассусӣ вобаста ба ихтисосҳо мебошад. Адабиёти таълимӣ дар ихтисосҳои рўзноманигорӣ, химия ва биология, педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, география нисбатан кам мебошад.

Сатҳи донишазхудкунии донишҷўён дар умум ба 69,8% баробар буда, сифати дониш 31,9%-ро ташкил дод.

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фаъолияти таълимии худро дар асоси иҷозатномаи (АУ №0001925) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, тибқи замимаи иҷозатнома ба донишкада аз рўйи 17 ихтисос дар зинаи бакалавр, 7 ихтисос дар зинаи магистратура, 4 ихтисос дар аспирантура ва 6 ихтисос дар докторантура аз рўи ихтисос (Phd) иҷозат дода шудааст.

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида айни замон дар донишкада 247 нафар омўзгор фаъолият менамоянд, ки аз ин теъдод 126 нафар (51,0%) корманди доимӣ ва 121 нафар (49,0%) омўзгорони ҳамкори берунӣ мебошанд. Аз теъдоди умумии кормандони доимӣ 1 нафар дараҷаи илмии доктор буда, (тибқи талаботи меъёрӣ бояд дар донишкада на камтар аз 8% бошад), 12 нафар дорои дараҷаи номзади илм буда, 136 нафар омўзгори калон, 28 нафар омўзгор, 16 нафар ассистент ва 3 нафар консертмейстр дар донишкада ба фаъолияти омўзгорӣ машғул мебошанд.

Омўзгорони ҷавон то 35 сола дар донишкада 31 нафарро (38,0%) ташкил медиҳанд, ки аз ин теъдод ягон нафар дараҷаи илмӣ надоранд (тибқи талаботи меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои донишкада ҳамин нишондод бояд на камтар аз 12% бошад).

Дар донишкада нақшаи ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзии ҳайати профессорону омўзгорон барои соли таҳсили 2017-2018 таҳия ва тасдиқ гардида, тибқи нишондоди он талаботи меъёрҳои муайянкунандаи доир ба самти такмили ихтисос таъмин карда нашудааст.

Дар муассисаи мазкур нарасидани китобҳои дарсӣ аз фанҳои грамматикаи забони англисӣ, грамматикаи забони олмонӣ, бонк қисми 1, салфедҷо, гармония, информатикаи мусиқӣ, таҳлили асарҳои мусиқӣ, дарси рубоби бадахшӣ, хизматрасонӣ ба хонанда, луғати русӣ-тоҷикӣ, савту навои об, назарияи мусиқӣ, нақши муаллими ихтисос дар тарбияи мусиқӣ, энсиклопедия ва назарияи иқтисод ба назар мерасад.

Китобхона дорои қироатхона буда, дар он 80 ҷойи нишаст ташкил карда шудааст, ки нишондод низ ба талаботи меъёрӣ (на камтар аз 200 ҷой) ҷавобгў нест.

Сатҳи донишазхудкунии донишҷўён дар донишкада 89,7%-ро ташкил намуда, сифати таҳсилот ба 64,3% баробар мебошад.

Инчунин, мувофиқи нақшаи корӣ рафти санҷиши фаъолияти шуъба, бахш ва гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилоти 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе  санҷида шуд, ки ки ҳоло ҳам дар фаъолияти кори онҳо норасоию  камбудиҳо ба назар мерасанд. Масалан, на дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи “Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.03.2013, №497) нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда нашудааст; ба шуъба, бахш ва гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилот мустақилият дода нашуда, як қисми онҳо бо ҳуҷраи корӣ, таҷҳизот ва технологияи ҳозиразамон таъмин карда нашудаанд; феҳристи ҳуҷҷатҳои шуъба, бахш ва гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар асоси намунаи пешниҳодгардида ба роҳ монда нашудааст; баъзе шуъба, бахш ва гурўҳҳои идоракунӣ то ҳол низомнома ва дастурамали вазифавии аъзоёни худро таҳия  ва дар шўрои олимони муассисаи таълимӣ тасдиқ накардаанд; тибқи банди 3 фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.03.2013, №497 на ҳама шуъба, бахш ва гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ ҳар се моҳ ба хадамот маълумот пешниҳод менамоянд; мониторинги сатҳи дониши донишҷўён дар факултетҳо ва курсу гурўҳҳо вобаста ба ихтисосҳо аз фанҳои тахассусӣ ва умумитаълимӣ мунтазам гузаронида намешаванд; дар аксари муассисаҳои таълимӣ гўшаи шуъба, бахш ва гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилот ташкил карда нашудааст; дар аксари муассисаҳои таълимӣ вобаста ба самтҳои санҷиш аз тарафи шуъба, бахш ва гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилот саволномаҳо таҳия карда нашуда, бо донишҷўёну омўзгорон пурсишнома гузаронида нашудааст.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки маводи натиҷаи санҷишҳои сатҳи сифати таҳсилот дар коллеҷи омўзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, коллеҷи муҳандисию омўзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов, литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд ва литсейи касбии техникии ноҳияи Б.Ғафуров омода гардида, барои баррасӣ ба шўрои навбатии хадамот пешниҳод карда мешаванд.

Аз натиҷаи санҷишҳо бармеояд, ки дар давраи ҳисоботӣ сатҳи азхудкунӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар умум ба 80,5% (дар нимсолаи 2016 65,4%), коллеҷҳо ба 69,9% (дар нимсолаи 2016 63,1%), литсейҳои касбии техникӣ 56,3% (дар нимсолаи 2016  60,2%) ва дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба 75,6% (дар нимсолаи 2016 59,7%) баробар мебошад, ки ин ба талаботи замон ва меъёрҳои амалкунанда пурра мувофиқат намекунад. Аз натиҷаи таҳлил ва муқоисаҳо бармеояд, ки сатҳи азхудкунӣ дар умум нисбат ба ҳамин давраи соли 2016  2,4% зиёд гардидааст, яъне агар дар соли 2016 он ба 62,1% баробар бошад, пас дар соли 2017 ба 64,5% баробар мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ санҷиши рафти аттестатсияи давлатии хатмкунандагон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қўрғонтеппаи вилояти Хатлон гузаронида шуд. Натиҷаи санҷиш маълум намуд, ки баҳои мусбии натиҷаи аттестатсияи давлатии хатмкунандагон дар Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав 99,6%, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Коллеҷи омўзгории Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Коллеҷи махсусгардонидашудаи ноҳияи Бохтар, Коллеҷи омўзгории ноҳияи Қубодиён, Коллеҷи тиббии шаҳри Қўрғонтеппа ва Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон 100%-ро ташкил кард.

Зимни санҷиши масъалаи мазкур маълум гардид, ки дар баробари муваффақиятҳо дар ин самт камбудиҳо, аз қабили, дар баъзе ҳолатҳо риоя накардани талаботи Низомномаи аттестатсияи хатми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, навиштани рисолаҳои дипломии хатмкунии тахассусӣ ба мушоҳида расид.

Дар баробари санҷиши сифати таҳсилот оид ба фаъолияти самараноки гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилот ва роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда бо иштироки роҳбарони бахш (шуъба) ва гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва олии касбӣ семинарҳои омўзишӣ гузаронида шуда, натиҷаи онҳо бо протоколҳо расмӣ гардонида шудааст.

Рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, фаъолияти гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо

Дар асоси нақшаи корӣ рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, фаъолияти бахш, гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилотро дар раёсат, шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Рўдакӣ, Шаҳринав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ, Исфара, Конибодом, Зафаробод, Хоруғ, Рўшон, Шуғнон, Панҷакент, Айнӣ, Кўҳистони Мастчоҳ, Панҷ, Дўстӣ ва Ҷайҳун аз санҷиш гузаронида, дар шўрои хадамот мавриди баррасӣ қарор дод. Санҷиш дар асоси «Барномаи санҷишии фаъолияти шуъба, бахш, гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилот ва иҷрои талаботи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф», ки сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз 19.10.2016 тасдиқ намудааст, гузаронида шуд.

Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2007, №105 «Дар бораи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф» дар ноҳияи Рўдакӣ таъмин карда шудааст. Дар назди шуъбаи маорифи Шаҳринав дар асоси мактуби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2016, №01/1-1657 сохтори бахш таъсис дода шуда, воҳидҳои кории он барқарор гардидаанд. Бахши хадамоти ноҳияи Варзоб бо теъдоди 2 нафар корманд таъсис дода шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Хоруғ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Зафаробод, Рўшон, Шуғнон, Ванҷ, Ишкошим, Дарвоз, Айнӣ, Кўхистони Мастчоҳ, шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Панҷ, Дўстӣ ва Ҷайҳун сохтори бахш барҳам дода шуда, фаъолияти ин сохтор ба воситаи мутахассисони раёсат ва шуъбаҳои маориф ба роҳ монда шудааст. Фаъолияти аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳӣ, ки тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 03.03.2007, №105 «Дар бораи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф» бояд аз тарафи ин сохтор гузаронида шавад, иҷро карда намешавад. Барои иҷрои талаботи қарори зикргардида аз номи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2016, №01/1-1657 мактуб ба унвони тамоми раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ирсол гардид, вале он бе натиҷа мондааст.

Натиҷаи санҷиш маълум намуд, ки талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.08.2008, №445  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ иҷро гардида, дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рўдакӣ, Варзоб, Шаҳринав, Зафаробод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Рўшон, Шуғнон, Кўҳистони Мастчоҳ, Панҷ, Дўстӣ, Ҷайҳун ва Ёвон иҷро карда намешавад.

Дар шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Хоруғ, Панҷакент ва ноҳияҳои Варзоб, Рўдакӣ, Шаҳринав, Зафаробод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, Рушон, Шуғнон, Дўстӣ, Панҷ, Ҷайҳун, Қўҳистони Мастчоҳ, Айнӣ бо мақсади татбиқи амалии фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.03.2007, №330 «Дар бораи таъсиси бахшҳо ва гурўҳҳои назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилот таъсис дода, фаъолияти онҳоро зери назорат қарор додаанд.

Вале фаъолияти гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилот, ба истисно аз шаҳрҳои Исфара Панҷакент ва Конибодом, дар дигар минтақаҳо талаботро қонеъ карда наметавонад. Гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилот аз маводҳо ва технологияи санҷишие истифода менамоянд, ки ба талаботи замони муосир мутобиқат намекунад. Инчунин, гурўҳҳо ҳангоми санҷиш дар аксарияти муассисаҳо натиҷаи азхудкуниро аз меъёр баланд нишон медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботӣ муайян карда шуд, ки иҷрои талаботи «Барномаи рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.10.2011, №457 тасдиқ шудааст, дар ноҳияи Рўдакӣ 2,8%, Шаҳринав 3,8%, ноҳияи Варзоб 2,1%, Абдураҳмони Ҷомӣ 4,9%, Ҷалолиддини Балхӣ 10,4% Зафаробод 28,1% ва шаҳрҳои Исфара 14,2%, Конибодом 33,%-ро ташкил додааст. Аз шумораи умумии кўдакони синни томактабии шаҳру ноҳияҳои зикргардида миқдори нишондодашуда дар кўдакистону марказҳои инкишофи кўдакон фаро гирифта шудааст.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омўзгорони ҷавон» дар ноҳияи Рўдакӣ 19,5%, ноҳияи Шаҳринав 31,8%, ноҳияи Варзоб 0,3%, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 15,9%, Ҷалолиддини Балхӣ 22,1%, Зафаробод 35,3% ва шаҳрҳои Исфара 54,3%, Конибодом 75,0%-ро ташкил додааст.

Талаботи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2010, №223 тасдиқ карда шудааст, дар ноҳияи Рўдакӣ ҳамагӣ 60,0%, дар ноҳияи Шаҳринав 58,5%, Варзоб 55,4%, Абдураҳмони Ҷомӣ 66,3%, Ҷалолиддини Балхӣ 52,8%, Зафаробод 81,8% ва шаҳрҳои Исфара 63,3%, Конибодом 78,0%-ро ташкил медиҳад.

Вале фаъолияти гурўҳҳои идоракунии сифати таҳсилот талаботро қонеъ карда наметавонад, онҳо аз мавод ва технологияи санҷишие истифода менамоянд, ки ба талаботи замони муосир мутобиқат намекунад.  Натиҷаи азхудкуниро аз меъёр баланд нишон медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботӣ муайян карда шуд, ки иҷрои талаботи «Барномаи рушди соҳаи тарбияи томактабӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.10.2011, №457 тасдиқ шудааст, дар ноҳияи Рўдакӣ 2,8%, Шаҳринав 3,8%, ноҳияи Варзоб 2,1%, Абдураҳмони Ҷомӣ 4,9%, Ҷалолиддини Балхӣ 10,4% Зафаробод 28,1% ва шаҳрҳои Исфара 14,2%, Конибодом 33,%-ро ташкил додааст.

Иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омўзгорони ҷавон» дар ноҳияи Рўдакӣ 19,5%, ноҳияи Шаҳринав 31,8%, ноҳияи Варзоб 0,3%, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 15,9%, Ҷалолиддини Балхӣ 22,1%, Зафаробод 35,3% ва шаҳрҳои Исфара 54,3%, Конибодом 75,0%-ро ташкил додааст.

Татбиқи талаботи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2010, №223 тасдиқ карда шудааст, дар ноҳияи Рўдакӣ 60,0%, дар ноҳияи Шаҳринав 58,5%, Варзоб 55,4%, Абдураҳмони Ҷомӣ 66,3%, Ҷалолиддини Балхӣ 52,8%, Зафаробод 81,8% ва шаҳрҳои Исфара 63,3%, Конибодом 78,0%-ро ташкил медиҳад.

Аз тарафи шуъба ва бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2017 822 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои гузаронидани аттестатсия ба нақша гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб дар ин муддат дар асоси ҳисоботи пешниҳоднамудаи шуъба ва бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 822 ё 100,0% муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз аттестатсия гузаронида шуда, мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Аз ин шумора 57 муассиса ё 6,9% муассисаи таълимӣ аз аттестатсия шартан гузашта ҳисобида шудааст.

Дар асоси ҳисоботи пешниҳоднамудаи шуъба ва бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 507 ҳуҷҷат пешниҳод карда шудааст ва аз ин миқдор 356 ё 70,2% аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида шуда, ба онҳо шаҳодатномаи аккредитатсионӣ дода шудааст.

Дар ҳамин давра аз тарафи шуъба ва бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо сатҳи дониши хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ санҷида шуда, аз он натиҷагирӣ карда шудааст. Маълум гардид, ки дар умум дар санҷишҳо 554965 нафар хонанда иштирок намудаанд. Аз ин шумора 48740 нафар ё 8,7% баҳои «5», 144864 нафар ё 26,1% баҳои «4», 278352 нафар ё 50,1%   баҳои «3», 83009 нафар ё 14,9% баҳои «2» гирифтаанд. Тибқи нишондоди шуъба ва бахшҳои хадамот дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо азхудкунӣ дар ҷумҳурӣ ба 85,1% ва сифати дониш ба 34,8% баробар аст. Ба сатҳи азхудкунии хонандагон дар ноҳияи Тоҷикобод 99,6%, шаҳри Роғун 99,1%, ноҳияи Рўдакӣ 97,2%, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 95,1%, шаҳрҳои Ваҳдат 91,2 ва Душанбе 90,2% баҳои мусбат додаанд, ки ин ба воқеият мутобиқат намекунад. Дар ин самт, фаъолияти шуъба ва бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Турсунзода 73,3%, Сангвор 63,6%,  Рашт 62,1% ва Файзобод 52,6% нисбатан боварибахш аст, яъне ба сатҳи дониши хонандагон нисбатан воқеъбинона баҳо додаанд.

Тибқи ҳисобот азхудкунӣ дар ҷумҳурӣ 85,1%-ро ташкил додааст. Ин нишондод ба воқеият мутобиқат намекунад, зеро санҷишҳо ба шакли анъанавӣ, бе истифодаи технологияи муосир ва бе маводи ягонаи санҷишӣ гузаронида мешаванд.

Баробарарзишӣ ва эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷӣ

Дар соли 2017 ҷиҳати муайян намудани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷӣ тибқи дафтари қайдҳо ба шуъба то 28.11.2017 4310 ҳуҷҷати таҳсилот (диплом, маълумотномаи академӣ ва табели баҳо), 25 мактуб ворид гардид. Дар баробари ин то 01.12.2017 4174 ҳуҷҷати таҳсилоти давлатҳои хориҷи кишвар дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарарзиш дониста шуд.

Инчунин, ҳуҷҷатҳои 28 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таълимии исломии хориҷи кишвар таҳсил мекарданд ва барои баробарарзишии ҳуҷҷати таҳсилот муроҷиат кардаанд, ворид гардид.

Ба сабаби мувофиқат накардан ба талаботи Дастуруламал оид ба эътироф ва баробарарзишии (нострификатсияи) ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот, унвон  ва дараҷаҳои илмии давлатҳои хориҷӣ 48 ҳуҷҷати баробарарзишӣ (нострификатсия) ба соҳибонашон баргардонида шуданд. Ба ғайр аз ин 160 ҳуҷҷат дар баррасӣ мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ 26 ҳуҷҷати аттестатсионии кормандони илмию педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ворид гардид. Аз онҳо барои дарёфти  унвони илмии  дотсент 15 нафар ва барои дарёфти унвони  илмии профессор 6 нафар. Дар  соли 2017, 21 ҳуҷҷати аттестасионии кормандони илмию педагогӣ пас аз баррасӣ дар мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Департаменти кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия фиристода шуд. 5 ҳуҷҷати дигар, бинобар сабаби мувофиқат накарданашон, ба соҳибонашон баргардонида шуд.

Оид ба воридоту содироти  ҳуҷҷатҳо

Дар давраи ҳисоботӣ ба хадамот 1100 мактуб аз вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ дар бораи гузаштан аз аттестатсия, аккредитатсия, иҷозатномадиҳӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи маориф, ҳамзамон 4310 ариза барои баробарарзишӣ ва эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷа ворид гардидааст. Дар ин давра 748 мактуби содиротӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамзамон, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷроиши супоришҳои маҷлиси машаваратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурӣ оид ба иҷрои бандҳои 58 Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2016» ва банди 56 Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нўҳ моҳи соли 2016», оид ба иҷрои бандҳои 111, 112, 113, 115, 116 ва 119 Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.12.2016, №18/1 тасдиқ шудааст, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол карда шуд.

Инчунин, тибқи талаботи бандҳои 1, 5, 6 Нақшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф барои солҳои 2015-2016, ки бо фармоиши сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз 16 марти соли 2015, №14 тасдиқ гардидааст, маълумот омода ва пешниҳод намуд.

Омўзиш ва тарғиби Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва Барномаи давлатии зиддикоррупсионии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар байни кормандони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар ҷаласаи назоратии назди сардори хадамот аз 13.09.2016, №14/1 мавриди омўзиш қарор дода шуд.

Ҳамчунин, аз 07.03.2017 вохўрӣ бо намояндагони Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимии ронандатайёркунӣ ва забономўзӣ дар Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаи таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015, №591 «Дар бораи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ», талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши сардори хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз 20 апрели соли 2016, №15 дар бораи тасдиқи Низомномаи комиссия оид ба одоби хизматчии давлатӣ ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Кодекси одоби хизматчии давлатии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба тасвиб расидааст. Нақшаи чорабиниҳо фарогири масъалаҳои ташкили омўзиши Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси комиссия оид ба одоби хизматчии давлатӣ, назорати таъмини иҷрои Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Масъалаи интизоми меҳнати кормандон ҳамарўза зери назорат қарор дода шуда, баҳри ба танзим даровардани интизоми меҳнати кормандон дафтари қайди омаду рафт ташкил карда шудааст. Дар якҷаоягӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хадамот интизоми меҳнати кормандон тибқи талаботи қонунгузорӣ зери назорати ҷиддӣ қарор дода мешавад.

Баҳри иҷрои талаботи «Нақшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф барои солҳои 2013-2020» ва нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 27 октябри соли 2016, №12 тибқи фармоиши сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз 21.12.2016, №58 барои ишғоли 10 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардида, матни эълони озмун дар «Гўшаи эълонҳо»,  рўзномаи «Ҷумҳурият», ҳафтаномаи «Омўзгор» нашр ва дар сомонаи расмии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонии www.ahd.tj ҷойгир карда шуд.

Баҳри шаффоф, беғаразона ва бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар кори комиссияи озмун намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф 27 январи  соли 2017 озмуни ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатиро дар доираи талаботи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ гардидааст, баргузор намуда, тибқи талаботи банди 49 Низомнома маълумотро аз натиҷаи озмун ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Дар озмун 10 мансаби холӣ пешниҳод гардида, ба он 20 нафар довталабон ҳуҷҷат супориданд ва ба озмун роҳ дода шудаанд. Дар натиҷа 9 нафар бо назардошти ба даст овардани холҳои гузариш тибқи қарори комиссияи озмун ба мансабҳои холӣ тавсия гардидаанд. Номубардагон дар асоси фармоиши сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз 01.02.2017, №03 ба мансабҳои тавсияшуда таъйин карда шуданд.

Дар ин давра 4 нафар бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод карда шуданд.

Дар ҳамин давра як нафар корманд ба курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ба Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуд.

Тибқи мактуби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият бахшидани донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ Нақшаи машғулиятҳои идоравӣ барои баланд бардоштани дониши касбӣ ва малакаи кории хизматчиёни давлатии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ карда шуд, ки дар асоси он машғулияти хониши идоравӣ мунтазам гузаронида мешавад ва оид ба иҷрои он маълумотнома  ҳар семоҳа ирсол карда мешавад.

Нақшаи дурнамои (панҷсолаи) гузаронидани аттестатсияи муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2017-2022 бо қарори шўрои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз 14 феврали соли 2017, №1/52 ва нақшаи кории хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф барои нимсолаи дуюми соли 2017 бо қарори шўрои хадамот аз 08.05.2017, №4/32 тасдиқ шудааст.

Ҳамчунин, шакли нави шаҳодатномаи баробарарзишӣ оид ба таҳсилот (серияи ДМ-О) таҳия гардида, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.05.2017, №7/38 тасдиқ карда шуд, ки баробари ба чоп расонидан мавриди амал қарор мегирад.

Бо мақсади иҷрои барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2017, №24/10-8 ва протоколи ҷаласаи кории вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.03.2017, №1/1 ҷиҳати баргузор намудани корҳои ободонӣ ва тозаву озода кардани қитъаи замини вобасташуда як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.

Дар ин давра қитъаи замини ҷудогардида, пурра ҷуфтгардон карда шуда, зиёда аз 100 ниҳоли мевадиҳанда шинонида шуд.

Ҳамчунин, нишастгоҳ (беседка) кафшер ва рангубор карда шуда, алафҳои бегона тоза, гирду атрофи коргоҳ рўбучин, дарахтон ду маротиба сафед ва хасу хошок бароварда шуданд.

Нақшаи баргузории шанбегиҳо вобаста ба корҳои созандагиву ободкорӣ ва кабудизоркунии гирду атрофи коргоҳ тасдиқ карда, тибқи он мунтазам шанбегиҳо ба роҳ монда мешавад.

Ҳисоботи оморӣ 3 моҳа, 6 моҳа, 9 моҳа  ва солона ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ирсол мегардад.

Дар давраи ҳисоботӣ 13 ҷаласаи назоратии назди сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардида, вобаста ба ин пртоколҳо таҳия карда шудааст.

Ҳамзамон, 155 фармоиши сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф оид ба сафари хизматӣ, дар бораи гузаронидани аттестсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳиии муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва 50 фармоиш оид ба ҳайати кадрӣ ба қайд гирифта шуд.

Пешниҳодҳо: Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи вазифадор карда мешавад:

1.Ҳар шаш моҳ рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро гузаронида аз натиҷаи он дар воситаҳои ахбори омма маълумот нашр намояд.

2. Ҳангоми гузаронидани аттестатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таъминоти кадрӣ, пояи моддию техникӣ ва сатҳи донишазхудкунии гурўҳҳои таълимии таҳсилашон бо забони хориҷӣ (русӣ, англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ, хитоӣ)-ро  мавриди таҳлил ва омўзиш қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудӣ ва норасогиҳо масъулинро вазифадор намояд.

3.Фаъолияти паркҳои технологиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор дода, баҳри ҷоннок намудани фаъолияти илмию инноватсионии онҳо ба масъулин муҳлати иҷро ва дастуру супоришҳо диҳад.

4.Барои бемонеа ва саривақт анҷом додани иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимии хусусӣ дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №295 «Дар бораи  Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои соли 2014-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат намуда, зимни ташхиси иҷозатномадиҳӣ ва аттестатсияи ин намуди муассисаҳои таълимӣ нишондоди Меъёр, қоида ва талабот барои сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумиро қатъиян риоя намояд.

5.Барои иҷрои талаботи қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2007, №105 «Дар бораи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф» аз номи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2016, №01/1-1657 дар якҷоягӣ бо сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф вазифадор мегарданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сохтори шуъба ва бахшҳоро аз нав барқарор сохта, фаъолияти мунтазами онҳоро ба роҳ монда, масъалаи пулакӣ гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.

6.Иҷрои талаботи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2010, №223 тасдиқ карда шудааст,  дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо  таҳти назорат қарор диҳад.

7.Риоя ва таъмини  иҷрои «Дастуруламал оид ба эътироф ва баробарарзишии (нострификат­сияи) ҳуҷҷатҳои таҳсилот, унвон ва дараҷаҳои илмии давлатҳои хориҷӣ», Низомномаи таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимӣ мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷа ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

8.Бо мақсади муайян кардани сатҳи сифати таҳсилот вобаста ба равияҳо аз фанҳои тахасусӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ санҷишҳо гузаронида, омилҳои паст будани сифати таҳсилотро муайян намуда, барои чораҷўӣ ба сохторҳои марбутаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.